Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 9-уми январи соли 2020 дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон, Суғд туман, бориши барф ва яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар дошта шудааст. Дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Яке аз хатарҳои басо ҷиддӣ барои ронандагон ин бо туман пӯшида шудани роҳҳост. Ин зуҳуроти табиӣ бинишро нисбатан маҳдуд мекунад ва боиси он мешавад, ки дар чунин роҳҳо мошинҳо бештар ба ҳам бархӯранд, шумори садамаҳои нақлиётӣ афзояд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Бояд дар ёд дошт, ки гарави аслии ҳаракат дар роҳҳое, ки бо туман пӯшида шудаанд, коҳиш додани суръати ҳаракати мошин мебошад.
ДАР ЁД ДОШТА БОШЕД: аз рафтори шумо на танҳо ҳаёти худи шумо вобаста аст, балки бо эҳтиёт шумо метавонед ҷони ҳамсафарони худро ҳам аз хатар нигоҳ доред.
Ин тавсияҳо барои ронандагоне, ки дар роҳҳои яхбаста сафар доранд:
Қабл аз сафар ҳатман ҳолати техникии мошинатонро аз назар гузаронед, бахусус системаи тормози онро бодиққат санҷед, чархҳои мошинро аз назар гузаронед, ки оё онҳо барои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар мавсими зимистон ва яхбандӣ муносибу мувофиқанд?
Ҳолати фонусҳои мошинро ҳам аз назар гузаронед, дар ҳолати хира будани ин фонусҳо онҳоро ҳатман иваз намоед.
— ҳаракати мошин аз аввал бояд бо суръати паст ва оҳиста бошад;
—бо ҳамон суръате бояд ҳаракат кард, ки бехатариро таъмин карда тавонад, бахусус ҳангоми ҳаракат дар пулҳо, гардишҳо ва фарозу нишеб;
—ҳангоми ҳаракат фосилаи байни мошинҳо бояд назар ба ҳолатҳои муқаррарӣ бештар бошад, зеро ист дар роҳҳои яхбаста хатари дигар дорад: ҳатман чархҳо баъди фишор болои тормоз хоҳанд лағжид;
— ҳангоми наздик шудан ба гардиш бояд ҳатман суръати ҳаракатро суст кард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас мекунад, ки дар кулли қаламрави кишвар телефони хадамоти наҷот – 112 шабонарӯз ва ройгон фаъол аст.