Дар Мексика замин бо қувваи 5,5 балл такон хӯрд. Мутахассисон гуфтаанд, ки ин заминларза умқи 10 километр дар масофаи 266 км аз Баубауро ларзонд. Дар ҳамин ҳол аз заминларзаи дигар дар уқёнуси Ором хабар дода мешавад, ки қувваи он 4,9 балл будааст.
Бино ба иттилои расонашуда заминларзаи уқёнуси Ором дар наздикиҳои ҷазираҳои Курил, дар бахши сахалинии хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Русия рух додааст.
Интерфакс хабар додааст, ки ин заминларза рӯзи якшанбе, соати 19:08 бо вақти Сахалин (11:08 вақти Маскав) рух додааст.
Дар маҳалҳои сукунати одамон ин такони замин эҳсос нашудааст ва бонги хатари обларза (сунами) низ дода нашудааст.