Тағйири ҳаво ва бориши барфи шадид ҳаракат дар роҳҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Дирӯз як мошини боркаш дар роҳи ҳаракат аз Ёвон ба Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётии ронанда чаппа шуд ва мусофири 33-сола ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Баъди бориши барфи шадид ва сардӣ роҳҳо ях бастанд ва дар ин бора қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро огоҳ карда буд. Аммо мутаассифона, на ҳамаи ронандагон ба ин огоҳӣ гӯш фаро доданд.
Чунончӣ, 6-уми январи соли 2020 дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе, дар қаламрави ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ садама рух дод. Дар мошини ба садама дучоромада ғайр аз ронанда боз мусофире ҳам аз Ёвон, сокини 33-солаи ин ноҳияи менишаст.
Ронандаи мошини калони боркаши тамғаи “Шакман” – сокини 37-солаи маҳаллӣ, ки ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, дар гардиш аз уҳдаи идораи мошин набаромад. Вай, ки бо суръати номуносиб ба вазъи роҳ ҳаракат мекард, бо такони дигар канори роҳ чаппа шудаст.
Баъди дарёфти хабари садамаи шадид наҷотдиҳандагони КҲФ фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва бо ёрии дастгоҳи махсус дарро боз карданд ва ронандаву ҳамроҳи ӯро берун оварданд. Мутааасифона, мусофири мошин бар асари захмҳои шадид дар шуъбаи эҳёгарии бемористони ноҳияи Рӯдакӣ аз олам рафт.
КҲФ бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад ва аз онҳо бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш менамояд, ки бо назардошти мушкилоти роҳҳо дар фасли зимистон амал кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наандозанд.