Қоидаҳои бехатарӣ

Бузургтарин тармаҳои олам

Лағзиши тарма дар манотиқи куҳистони Тоҷикистон ҳамарӯза хабарҳои нохӯш меорад. Гоҳе аз ғарами барфи рехта аз нишебиҳо роҳҳо баста мешаванд, гоҳе мошинҳо бо одамонашон зери барф мемонанд ва гоҳи дигар одамон, раҳгузарон қурбон мешаванд. Ахиран лағзиши тарма дар Сангвор ҷони як писарбачаи нобилғро гирифт.
Аммо тарма чун офати пурхатар танҳо хоси иқлими Тоҷикистон нест, балки ҳама манотиқи куҳии олам ба ин хатар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз лағзиши барф ва афтиши шушаҳои ях аз бомҳои хонаҳо ҳушдор медиҳад!

Боришҳои рӯзҳои гузашта муҷиби ғарами барф дар бомҳои хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳо шуд. Бар асари ҳавои тағйирёбанда ва афтиши ҳарорат дар қаламрави кишвар хатари лағзиши барфтӯда ва яхпора аз бомҳо, ҳамчунин канда шудани шушаҳои овезон аз лабгӯшаи бомҳо афзудааст ва ин метавонад сабабгори ҷароҳатдор шудани одамон ва ҳодисаҳои нохӯши дигар шавад. 
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи

Фалокат бар асари заҳролудшавӣ бо гази карбон

Ихроҷи гази карбон аз бухорӣ модар ва фарзанди дар ғафлатмондаро ба ҳалокат расонд.
Дар деҳаи Дӯстии ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ шаби 25-ум ба 26-уми январи соли равон ду узви як оила – модар ва фарзандаш бар асари заҳролудшавӣ аз гази карбон ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои пешакӣ ин ду тан аз ангишт ба гази карбон заҳролуд шудаанд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!!!

Кумитаи ҳҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон то 17-уми январи соли 2017 дар қаламрави манотиқи куҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ҳамчунин ВМКБ сардии ногаҳонии ҳаво пешгӯӣ мешавад. Эҳтимол дорад дар роҳҳои куҳӣ ғарами барф ва яхбандӣ ба вуҷуд ояд.
Дар ин иртибот КҲФ шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки чораҳои амнияти шахсии худро андешанд.

Чораҳои бехатарӣ дар ҳоли афтидани якпораҳо аз бомҳо

Аз нимаи дуюми имрӯз ҳаво дар сар то сари кишвар рӯ ба гармӣ меорад ва ҳарорати он аз 10 дараҷа боло гарм мешавад.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда сардиҳои чанд рӯзи охир нишонаҳо аён аз худ боқӣ гузоштаанд ва як нишони он мавҷудияти яхпораҳо ва шушаҳои овезон дар бому бомгӯшаҳост. Захмҳо бар асари уфтодани шушаҳо ва якпораҳо ҳамеша хатарноканд ва мебояд тадбирҳои

Страницы