Боришҳои рӯзҳои гузашта муҷиби ғарами барф дар бомҳои хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳо шуд. Бар асари ҳавои тағйирёбанда ва афтиши ҳарорат дар қаламрави кишвар хатари лағзиши барфтӯда ва яхпора аз бомҳо, ҳамчунин канда шудани шушаҳои овезон аз лабгӯшаи бомҳо афзудааст ва ин метавонад сабабгори ҷароҳатдор шудани одамон ва ҳодисаҳои нохӯши дигар шавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳангоми гаштугузор ба ҳолати бомҳо таваҷҷуҳ кунанд. Ҳангоми мушоҳида кардани шушаҳои овезон дар лабгӯшаи бомҳои хонаҳои истиқоматии худ, зарур аст онро ба хадамоти комуналии маҳалли зистатон хабар диҳед, то ки сари вақт тоза карда шаванд. Кормандони хадамоти нигаҳбонии хонаҳо вазифадоранд ба арзу шикояти шумо сари вақт вокуниш нишон диҳанд ва пайи рафъи хатар кӯшанд.
Соҳибони хонаҳои хусусии якошёна бояд сари вақт бомҳои хонаҳои худро аз барф тоза кунанд, то ки дар натиҷаи об шудан он вазнинӣ ба бомҳо наорад ва муҷиби шикастурехти дигар нашавад.
Шаҳрвандон ҳангоми гузар аз роҳҳо бояд хеле эҳтиёткор бошанд. Дар роҳҳои пиёдагард ба барфтӯдаҳо, ки маъмулан зерашон ях аст, диққат диҳанд. Одатан қабати ғафси ях дар зери шушаҳои овезони бомҳои хонаҳо мешавад. Аз чунин ҷойҳо аз дурӣ гузар кунед. Агар ҳангоми гузаштан аз боло садои шубҳанокеро шунидед, дар ҷоятон қарор нагиред, саратонро боло накунед ва талош накунед бинед, ки ин чӣ садо аст. Балки хеле ба зудӣ аз он макон убур кунед. Зеро ин садои лағзиши барф ва ё ях аст. Худро зуд зери девор гиред, то даме, ки он яхпора ё барф ба замин нарасад, аз ҷой наҷунбед.
Ҳамчунин донистан хуб аст, ки аксар вақт шушаҳо дар новаҳои бомҳо шакл мегиранд, аз ин рӯ ин гуна ҷойҳо маъмулан хатарнок мешаванд.
Соҳибони мошинҳоро зарур аст мошинҳои худро дур аз биноҳо нигоҳ доранд ва воситаҳои нақлиётӣ бояд аз ҷойҳои хатаровар дуртар нигоҳ дошта шаванд.
Падару модарон муҳтарам! Кӯшиш кунед фарзандони хурдсолатонро беназорат нагузоред. Агар шумо онҳоро тани танҳо ба мактаб ва ё ба сайругашт мефиристед, пас қабалн аз хатарҳои эҳтимолии зимистони сарду пурбарфу ях огоҳ созед. Барояшон қоидаҳои бехатари убур аз назди биноҳо ва роҳҳоро фаҳмонед.
Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фаавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳоли хоҳиш мекунад аз сафарҳои бидуни зарурат ба манотиқи тармахез худдорӣ кунанд, хеле эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат ба манотиқи куҳӣ ва ё ҷойҳои тармахез бояд суръат ва масофаро риоя кунанд. Дар роҳҳо ботаваҷҷуҳ ва эҳтиёткор бошед!
Ҳаёти худ ва ҳамроҳону атрофиёнатонро дар хатар нагузоред!
Агар Шумо шоҳиди ҳодисаҳое шудед, ки бар асари лағзиши барфу афтиши шушаҳо ба амал омадаанд, ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо телефонҳои 223 13 11; 221 91 19 ва ё 111 хабар диҳед.