Қоидаҳои бехатарӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: ронандаҳо, эҳтиёт кунед!

Зарфи чанд рӯзи охир шумори садамаҳои нақлиётӣ афзуданд ва баъзеи ин садамаҳо муҷиби ҳалокати одамон ҳам шуданд. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъзе чораву тадбирҳои эҳтиётиро дар риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо барои дӯстдорони мошинронӣ ёдрас мекунад.

Тавсияҳои КҲФ: Дар ин ҳавои гардолуду пурчанг чӣ бояд кард?

Муддати чанд рӯзи охир ҳавои гардолуди то ҳадде тӯфонӣ кишварро фаро гирифтааст. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад дар чунин ҳолатҳо ҳангоми роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёт бошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. Бештар аз ҳама ба одамони гирифтори бемориҳои дил, зиққи нафас ва фишорбаландӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир созанд.

Посух ба суоли Мадинаи Карим. Кашиши рагҳо дар об. Чӣ бояд кард?

Якуми августи соли равон дар сомонаи мо матлабе интишор ёфт бо номи “ОБУ ОББОЗӢ: ЧАРО ҚОИДАҲОИ ШИНОВАРИРО БОЯД ҲАТМАН ДОНИСТ?

Вақте ин матлаб дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор”-и Фейсбук бознашр шуд, хонанда Мадинаи Карим дар ҳошияи он навишт: “Дар ҳолати раги пой кашиш кардан чӣ бояд кард? Инро мегуфтанд...”

Сӯхторҳои харобиовар. Чӣ бояд кард то аз хатари он пешгирӣ шавад?

Ҳар рӯз дар гӯшаву канори олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон сӯхторҳое сар мезананд, ки баъзан талафоти ҷонӣ ҳам доранд. Хонаҳо, бозорҳо, иншоотҳои мулкиву давлатӣ ба коми оташ мераванд ва ба ҷону моли мардум ҳазорҳо ҳазор зарар меоранд. Дар мамлакатҳои серҷангал баъзан ҳазорҳо-ҳазор бешазорон оташ мегиранд ва барои хомӯш кардани он ҳафтаҳо талош мекунанд. Умуман аз оташсӯзӣ ҷойи

Обу оббозӣ: Чаро қоидаҳои шиновариро бояд ҳатман донист?

Тобистон мавсими истироҳату оббозист ва назди махзанҳои об ҳамеша серодам аст. Бахусус, дар ин фасли гармо одамон беш аз ҳар вақти дигар талош мекунанд рӯ ба ҷойҳое оранд, ки ҳавои муътадилу назди об бошад. Аммо на ҳамеша истироҳати шаҳрвандон хуш мегузарад. Надонистани баъзе қоидаҳои оббозиву шиноварӣ метавонад ба фоҷеа анҷомад ва мо то ҳол ин гуна ҳодисаҳоро зиёд дидаем.

Страницы