Сӯхторҳои харобиовар. Чӣ бояд кард то аз хатари он пешгирӣ шавад?

Ҳар рӯз дар гӯшаву канори олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон сӯхторҳое сар мезананд, ки баъзан талафоти ҷонӣ ҳам доранд. Хонаҳо, бозорҳо, иншоотҳои мулкиву давлатӣ ба коми оташ мераванд ва ба ҷону моли мардум ҳазорҳо ҳазор зарар меоранд. Дар мамлакатҳои серҷангал баъзан ҳазорҳо-ҳазор бешазорон оташ мегиранд ва барои хомӯш кардани он ҳафтаҳо талош мекунанд. Умуман аз оташсӯзӣ ҷойи гурез нест, вале қоидаҳое ҳастанд, ки метавон аз онҳо пешгирӣ кард ва ё зарари онҳоро коҳиш дод.

 Сӯхторҳо метавонанд бо сабабҳои гуногун рух диҳанд ва омилҳои онҳо метавонанд иҷтимоӣ, техногенӣ ва табиӣ бошанд. 

Чанд сабаби асосии сар задани сӯхтор:

- инсон дар зиндагӣ бо оташ нодуруст рафтор мекунад ва ё касе дар ҷангалу беша фаромӯш мекунад, ки гулханро хомӯш кунад;

- қоидаҳои бехтарии зидди сӯхтор риоя нашудаанд; 

- моддаҳои хатарнок дар хона ва ё корхонаҳо метарканд;

- сӯхтор метавонад бо сабабҳои табиӣ, аз ҷумла ҳангоми раъду барқ сар занад;

- одамон баъзан барқасдона ашёи касони дигарро оташ мезананд ва ҳадафашон расонидани зарари моддӣ ба вай аст;

 - риоя накардани чораҳои зиддисӯхтор дар корҳои истеҳсолӣ;

- истифодаи нодурусти асбобҳои барқии гармидиҳанда ва ё ноқилҳои барқ.

иллатҳои оташсӯзӣ дар зиндагӣ

  • бедиққатӣ: вақте инсон сигор мекашад ва ё барои худ ғизо омода месозад. вақте ноқилҳои барқ кӯҳна шудаанд.
  • истифодаи таҷҳизоти барқӣ, техникаи маишӣ, ки ба шабакаҳои ватании барқи коромад нестанд.
  • омилҳои кӯдакона. Бачаҳо аз беэҳтиётӣ ҷоеро месӯзонанд ва сари вақт оташро хомӯш намекунанд.  

 

Чӣ бояд кард агар дар хона сӯхтор рух диҳад?

 

  1. Дар баробари ҳисс кардани бӯйи сӯхта дар хона, аввал ҳама ашёи сӯзандаро дур кунед ва фавран ба хадамоти оташхомӯшкунӣ хабар диҳед;
  2. Зарур аст, ки аввал кӯдакон ва пирсолонро аз хона ба кӯча бароред;
  3. Баъдан агар алангаи оташ пасттар бошад, бо истифода аз оби ошхона ба хомӯш кардани он ёрӣ расонед;
  4. Оташро метавон бо ёрии брезент ё латтаҳои таркардашуда низ хомӯш кард. Аммо дар ин сурат бодиққат бошед, ки қувваи барқ осеб нарасонад;
  5. Ва агар шумо бовар надоред, ки қувваи барқ намезанад, бо ҳар роҳи мумкин онро хомӯш кунед;
  6. Обро зидди дуд истифода накунед ва ё талош нанамоед, ки қисмати болоии оташро хомӯш кунеду ба қисмати асосии он кор нагиред;
  7. Агар ашёе дар хона доред, ки гумон мекунед зуд дармегирад, талош накунед ба он об занед, балки интизор шавед отшашхомӯшкунон расанд ва агар нестанд, пас болои онҳоро бо латтаи ғафси таркардашуда печед;
  8. Тиреза ва дарҳоро вақти сӯхтор боз накунед, ин алангаи оташро бештар мекунад;
  9. Агар сӯхтор ҳоло бузург нест ва бовар доред, ки худ аз уҳдаи хомӯш кардани он мебароед, пас ҷиддӣ бошеду зуд амал кунед. Дар ғайри сурат дарҳоро маҳкам пӯшед ва зуд аз хона берун шавед; ҳамсояҳоро аз сӯхтор огоҳ кунед, то омодаи ҳифозати хонаҳои худ бошанд.
  10. Агар сӯхтор шадид аст ва шумо аз хона наметавонед берун шавед, пас коре карда ба айвонча бароед ва аз он ҷо ба кумак даъват намоед;
  11. Вақте кормандони сӯхторхомӯшкунӣ меоянд, вазъро тавре ҳаст барояшон гӯед.