ОБ. МУЪҶИЗА БОЯД ПОК БОШАД
Чоп шуд: 28/08/2018 | admin«Об муъҷизаи бебаҳои табиат ва асоси пайдоишу пойдории олам аст», - навиштааст Арасту, олими забардасти Юнони Қадим. Сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба об марбут аст. Бешубҳа, дар он ҷое, ки об аст, ҳаёт, ободӣ ва хушбахтӣ низ ҳаст. Ниёгони мо обро чун неъмати муқаддасу пок парастиш менамуданд, яъне аз ибтидо об ба сифати неъмати поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст.