Activities calendar

06 августа 2018

Дар Хатлон сатҳи омодагии нерӯҳои мудофиаи гражданиро санҷиданд

Субҳи бармаҳали рӯзи 3 августи соли ҷорӣ бонги изтироб ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ҷамъ овард. Ин бонги изтироб бо мақсади санҷиши сатҳи омодагии нерӯҳо соати 5-и субҳ зада шуд ва дар кутоҳтарин муҳлат ҳайат ба макони даъват ҳозир шуд.
Чорабинии мазкур бар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии 

ҲНИ - РЕШАПАЙВАНДЕ БО ТЕРРОРИЗМ

Тайи чанд соли охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, хусусан давлатҳои арабӣ - Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон, амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд. Бар асари ин вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ҳанӯз ҳам ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мегарданд. Хусусан зуҳури гурӯҳи «давлати исломӣ» барои амнияти минтақа ва ҷаҳон  таҳдидҳои навро эҷод кардааст.