Субҳи бармаҳали рӯзи 3 августи соли ҷорӣ бонги изтироб ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ҷамъ овард. Ин бонги изтироб бо мақсади санҷиши сатҳи омодагии нерӯҳо соати 5-и субҳ зада шуд ва дар кутоҳтарин муҳлат ҳайат ба макони даъват ҳозир шуд.
Чорабинии мазкур бар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2018, ки бо қарори Раиси вилоят тасдиқ шудааст, инчунин санҷиши сатҳи омодагии ҳайати шахсии раёсат ва воҳидҳои сохторҳои ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд.
Илова ба ин дар Раёсат, шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб бо сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят машғулиятҳо оид ба бозомӯзӣ ва такмили малакаҳои касбӣ, ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти корӣ дар моҳи июли соли 2018 гузаронида шуд.
Ҳадаф аз роҳандозии ин чорабиниҳо дар ҳолати омодабоши ҳамешагӣ нигоҳ доштани воҳидҳои Кумита дар вилояту ноҳияҳо ҷиҳати вокуниши сареъ ва саривақти ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.