Обу оббозӣ: Чаро қоидаҳои шиновариро бояд ҳатман донист?
Чоп шуд: 01/08/2018 | adminТобистон мавсими истироҳату оббозист ва назди махзанҳои об ҳамеша серодам аст. Бахусус, дар ин фасли гармо одамон беш аз ҳар вақти дигар талош мекунанд рӯ ба ҷойҳое оранд, ки ҳавои муътадилу назди об бошад. Аммо на ҳамеша истироҳати шаҳрвандон хуш мегузарад. Надонистани баъзе қоидаҳои оббозиву шиноварӣ метавонад ба фоҷеа анҷомад ва мо то ҳол ин гуна ҳодисаҳоро зиёд дидаем.