Тобистон мавсими истироҳату оббозист ва назди махзанҳои об ҳамеша серодам аст. Бахусус, дар ин фасли гармо одамон беш аз ҳар вақти дигар талош мекунанд рӯ ба ҷойҳое оранд, ки ҳавои муътадилу назди об бошад. Аммо на ҳамеша истироҳати шаҳрвандон хуш мегузарад. Надонистани баъзе қоидаҳои оббозиву шиноварӣ метавонад ба фоҷеа анҷомад ва мо то ҳол ин гуна ҳодисаҳоро зиёд дидаем.
Бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ ва методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва бемористони ҳарбии Кумита миёни аҳолӣ, бахусус наврасону кӯдакон ва волидони онҳо дар иншоотҳои обӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ мекунанд.
Чунончӣ, дирӯз, 30-уми июл, дар кӯлҳои “Ҷавонон”-и ноҳия Сино ва “Чорбоғ”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯъи “Асосҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар махзанҳои об” чорабинӣ гузаронида шуд, ки дар он аз 24 то 47 нафар ширкат карданд.
Наҷотдиҳандагони Кумита ба ҷамъомадагон фаҳмову равшан дар бораи хатарҳои эҳтимолӣ дар обҳо, қоидаҳои муҳими шиноварӣ, наҷоти ғарқшавандагон ва кумакҳои аввалияи тиббӣ ба онҳо нақл карданд.
Дар ин омӯзишҳо ва тамринҳо наҷотдиҳандагон баъзе қоидаҳоро амалан нишон доданд. Бахусус, наҷоти касони ғарқшударо машқ карданд ва дар ин машқҳо худи истироҳаткунандагон низ бевосита ширкат намуданд.
Кӯли “Ҷавонон”
Масалан дар мулоқот бо истироҳаткунандагон дар кӯли “Ҷавонон” наҷотдиҳандагон дар бораи баъзе қоидаҳои муҳим дар шиноварӣ ҳикоят краданд ва баъдан онро амалан нишон доданд. Ин тамринҳо дарсҳои хуби омӯзиширо мемонданд, ки ширкаткунандагон назариявӣ ошно шуда, амалӣ иҷро мекарданд.
Тамрини наҷоти ғарқшуда
Кормандони Кумита бо истироҳаткунандагон як барномаи томи наҷотро машқ карданд. Онҳо аввал қоидаҳоро нақл менамуданд ва баъдан барои он ки тасаввуроташон комил шавад, онро амалан тамрин мекарданд. Ин боис мешуд, ки наврасон бештар ҷалб шаванд ва бо завқ ин машқҳоро тамошо кунанд. Ва на танҳо тамошо, балки худ ширкаткунандаи ин машқҳо бошанд, бахше аз корҳои наҷотро омӯзанд.
Ин омӯзаҳо барои наврасон хеле заруранд, чун қисмати бештари касоне, ки дар истироҳатгоҳҳо, соҳили кӯлу дарёҳо мебинем, ҷавонону наврасон ва кӯдаконанд. Аксаран бо роҳбаладии волидон ва афроди калонсол меоянд, вале ҳастанд наврасоне, ки танҳо ба соҳил меоянд ва аксари онҳо бо қоидаҳои оббозиву шиноварӣ ошно нестанд.
Дар кӯли “Чорбоғ” низ дирӯз истироҳаткунандагон беш аз ҳадди интизор буданд. Маълум, ки гармо сокинонро бештар ба соҳилҳо мебарад, то бо истифода аз фурсати муносиб ҳам шиноварӣ кунанд ва ҳам истироҳату фароғат. Кормандони Кумита бо истифода аз фурсат миёни онҳо сӯҳбатҳои гузарониданд, наврасон ва ҷавононро, ки дар лаби соҳил саргарми оббозӣ буданд, дар бораи қоидаҳои шиноварӣ пурсиданд. Ва суол карданд, ки агар ғарқшудаеро мушоҳида кунанд, чӣ кор мекунанд. Табиист, ки на ҳама метавонистанд ба ин пурсиш посух диҳанд. Мутахассисони Кумита онҳоро бо қоидаҳои наҷот ошно карданд ва боз ҳам амалан нишон доданд.
Кӯли “Чорбоғ” дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти кишвар.
Роҳҳои наҷоти ғарқшаванда зиёданд ва яке он аст, ки аз дур ба сӯи шахси ғарқшуда ин ҳалқаи наҷотро партов мекунанд, то ба он чанг занад ва худро берун ҳаракат диҳад.
Ин бача, ки гӯё ғарқ мешуд, даст ба ҳалқа бурд, худро миёни он андохт ва бо кашиши банд аз ҷониби корманди наҷот ба соҳил ҳаракат кард. Ин яке аз чанд усули наҷоти шахси ғарқшуда буд, ки анҷом шуд. Яъне, агар инсонҳо аз корҳои наҷот бохабар бошанд, андаруни об ҳам чашми умед ба соҳил медӯзанд, ки касе оё ба кумакаш мерасад? Дар ин тамрин бача дид, ки сӯяш васила наҷот дароз шуд ва онро ба зудӣ қапид ва ҷонашро аз хатар раҳо кард.
Дар соҳил ӯро кормандони бахши наҷот мунтазир буданд, то аввалин кумаки тиббиро барояш расонанд. Ҳамин тариқ дар ин саҳна ҳаёти шахсе аз таҳдиди ғарқ шудан наҷот ёфт. Ин дар ҳоле буд, ки кормандони наҷоти Кумита он ҷо ҳозир буданд. Вале агар ҳозир набошанд? Пас зарур аст ҳар касе ба соҳили дарёву кӯл меравад, аввал бояд бо қоидаҳои шиноварӣ на танҳо ошно бошад, балки оббозиро тавонад.
Ва баъдан волидон ҳаргиз нагузоранд, ки фарзандони онҳо бе роҳбаладии калонсолон оббозӣ раванд.