Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон санҷиши ҳолати омодагии ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми гузаштан аз ҳолати замони осоишта ба ҳолати давраи ҷангӣ» гузарониданд.
Машқи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2018, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гаштааст, гузаронида шуд.
Машқ таҳти роҳбарии Сардори мудофиаи гражданӣ - Раис шаҳри Бустон Раъно Ҳошимзода, иштироки бевоситаи роҳбарияти Раёсати Кумита, намоянлагони Комиссияи шаҳрӣ оид мудофиаи гражданӣ ва бо ҷалби аҳолии шаҳр амалӣ шуд.
Дар рафти машқ масъалаҳои омодагии қувва ва воситаҳои зернизоми Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда,ба монанди омадани сел, фаромадани ярч, шамоли сахт, заминларза ва эвакуатсияи аҳолӣ баррасӣ гашт.
Инчунин аз ҷониби кормандони Раёсат дар байни аҳолии шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ-таблиғотӣ оид ба рафтори дуруст ҳангоми рух додани ҳодисаҳои табиӣ ва пешгирии сӯхтор бурда шуд. Дар машқ зиёда аз 600 нафар аҳолӣ иштирок карданд.
Дастаи махсуси наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ҳангоми эвакуатсияи аҳолӣ дар ҳолати фавқулодда нишон доданд.
Илова бар ин, иншоотҳои мудофиаи гражданӣ ва дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр системаҳои огоҳсозии пешакӣ дар ҳолати фавқулодда ё таҳдиди он низ санҷида шуданд.