Якуми августи соли равон дар сомонаи мо матлабе интишор ёфт бо номи “ОБУ ОББОЗӢ: ЧАРО ҚОИДАҲОИ ШИНОВАРИРО БОЯД ҲАТМАН ДОНИСТ?
Вақте ин матлаб дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор”-и Фейсбук бознашр шуд, хонанда Мадинаи Карим дар ҳошияи он навишт: “Дар ҳолати раги пой кашиш кардан чӣ бояд кард? Инро мегуфтанд...”
Барои посух ба суоли хонандаи худ ин мақоларо омода кардем, ки умед аст аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Рагҳо аз чӣ кашиш мехӯранд?
Ҳангоми оббозӣ ҳолате пеш меояд, ки раги пойҳо кашида мешаванд, ки инро бо забони илм кашиш, ихтилоҷ, рагкашӣ меноманд. Ин дарди шадид дар мушакҳо маъмулан якчанд дақиқа давом мекунад ва баъзан хеле сахту ноҳинҷоркунанда аст. Бахусус, агар инсон дар об бошад, дар ин ҳол шино барояш мушкил мешавад ва ӯро метавонад тарсу ҳарос фаро гирад.
Ин кашишхӯриҳо ҳангоми оббозӣ ғайриихтиёр ва дардовар пайдо мешаванд. Дар ин ҳолат шиновар наметавонад ба ҳаракати худ идома диҳад ва агар ҳаракат ҳам мекунад, на бо суръати қаблӣ. Агар вай дур аз соҳил бошад, хатарҳое ӯро таҳдид мекунанд.
- Кашиш ҳангоми шиноварӣ ин кашидани рагҳои пой ва сусту камҳаракат кардани он аст ва дар як муддати муайян вай наметавонад худ аз худ аз миён равад.
Сабабҳо: аз ҳад зиёд таранг шудани мушакҳо, бештар аз меърё сард шудан, шиддати эҳсосот, хастагӣ.
Пас чӣ бояд кард? Бояд чанд қоидаро риоя намуд. Инҳо:
Қоидаи аввал: ба қаъри об шино накунед! Ин бештар ба касоне дахл дорад, ки дар гузашта ҳангоми шино ба кашиши мушакҳои пой ё даст рӯ ба рӯ шудаанд. Чаро бояд ҷони худро дар хатар андохт?
Қоидаи дуюм: Ба воҳима дода нашавед! Сабаби асосии ҳамаи мушкилот ва бадбахтиҳо дар об назорат карда натавонистани тарс аст. Аз ин рӯ аввалтар аз ҳама бояд худро ба даст гирифт.
Қоидаи сеюм: Таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб намоед. Дар ҳамаи ҷойҳои оббозӣ ғаввосони пуртаҷриба ҳастанд, ки атрофро назорат мекунанд. Ва агар шумо ҷониби соҳил дастафшонӣ мекунед, яқинан онҳо мутаваҷҷуҳ мешаванд ва ба шумо ёрӣ мерасонанд.
Боз чӣ бояд кард?
- Аз кашидани рагҳо пешгирӣ намоед. Барои ин қабл аз он ки вориди об шавед, дар соҳил машқҳои одӣ барои гарм шудани баданро анҷом диҳед ва бо ин васила шумо мушакҳоятонро омода мекунед.
- Ба об тадриҷан ворид шавед, то бадани шумо ба ҳарорати гуногун тадриҷан омода шавад.
- Дар ҳоли кашиши рагҳо талош кунед аввал поятонро аз пошна ба тарафи худ кашед. Дар аксар маврид ин метавонад барои бартараф кардани рагкашӣ ёрӣ расонад.
- Агар шумо ҳисс кардед, ки ҳангоми шино раги поятон кашид, ба воҳима дода нашавед, чун ин мушкили гузаранда аст. Дар навбати аввал оромиро ҳифз кунед. Баъдан талош намоед ҷойи рагкашидаро тадриҷан кашед. Барои ин нафасро нигоҳ дошта, сарро зери об кунед, бо дастонатон ангуштони пойро доред ва кафи пойро ба тарафи худ кашед.
- Агар рагҳои мушаки пой кашиш хӯрда бошанд, зуд бо нохун ба онҳо халед ва дард метавонад боиси бартараф гардидани кашиш шавад.
- Ба об дар ҳоли сархӯшӣ аз нӯшокиҳои спиртӣ ворид нашавед.
- Агар кашиши рагҳо барои шумо зуҳуроти ҳамешагӣ шуд, пас тавсия медиҳем, ки ба духтур муроҷиат намоед.
Кай бояд оббозӣ кард?
Замони беҳтарини оббозӣ субҳ ва ё бегоҳ аст. Ҳарорати об набояд аз 18-19 дараҷа паст бошад, ҳарорати ҳаво 20-25 дараҷа. Давомнокии оббозӣ аз ҳарорати ҳаво, намнокӣ ва қувваи бод вобаста аст. Шароити нисбатан муносиби оббозӣ ин ҳавои равшанест, ки шамол надорад ва ҳарорати ҳаво на бештар аз 25 дараҷа бошад.
Низоми нисбатан мақбули оббозӣ ин аст:
- дар ҳарорати то 18 дараҷа гармӣ аз 6 то 8 дақиқа;
- дар ҳарорати 20 дараҷа гармӣ аз 10 то 12 дақиқа;
- дар ҳарорати бештар аз 20 дараҷа 15-20 дақиқа оббозӣ кардан меъёр аст.
Дар ҳоли бештар аз ин меъёр дар об мондан инсон хаста мешавад, тағйири ҳарорати ҳаво муҷиби кашиш хӯрдани рагҳо мегардад.