Зарфи чанд рӯзи охир шумори садамаҳои нақлиётӣ афзуданд ва баъзеи ин садамаҳо муҷиби ҳалокати одамон ҳам шуданд. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе чораву тадбирҳои эҳтиётиро дар риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо барои дӯстдорони мошинронӣ ёдрас мекунад.
Ҳаракат дар нақлиёти автомобилӣ дар мавсими тирамоҳ ва зимистон баъзе махсусиятҳои худро дорад, ки донистани он аз аҳамият холӣ нест. Бояд инро донист, ки коэфитсенти пайвандкунии чархҳо дар роҳҳои асфалтиву бетонии пурнам дар қиёс ба роҳҳои хушк 1,5-2 баробар камтар мешавад, бахусус агар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳои моро ба назар гирем.
Ба ронандагон лозим аст дар роҳҳо хеле бодиққат бошанд, Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро қатъӣ риоя намоянд. Бахусус ронандагони навкору навсафарро лозим меояд, ки бештар эҳтиёт кунанд, зеро таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки маҳз онҳо бештар ба садамаҳо дучор меоянд ва ё сабабгори бархӯрди мошинҳо мешаванд. Зеро камтаҷрибаанд ва қоидаҳои ҳаракатро чандон хуб ҳам намедонанд.
Ҳангоми идораи воситаҳои нақлиёт ҳамаи ҳаракатҳои ронанда бояд дуруст бошад. Ҳатто камтарин тезравӣ дар шароитҳои маъмулӣ ҳам метавонад сабаби садама шавад. Дар аввали ҳаракат, ҳангоми дигар кардани низоми гашт, суръат гирифтан, гардишҳо ва ист аз тезравӣ худдорӣ намоед. Ҳаракати мавзуну равон гарави ҳама гуна устуворӣ ва бехатарист.
Ҳангоми вайрон будани ҳаво ҳамеша чароғҳо ва чароғҳои зиддитумании мошинро фурӯзон кунед.
Дар ёд дошта бошед: ҳатто роҳи мумфарши тоза дар ҳавои сард барои ронанда таҳдидҳои ҷиддӣ дорад. Вай метавонад то қабати хеле тунуки як пӯшида шуда бошад. Аз и н рӯ барои нигоҳ доштани мошин як фосилаи бузургтаре лозим аст ва роҳи яхӣ албатта, аз роҳҳои маъмулӣ фарқ дорад.
Дар давраи тирамоҳу зимистон лозим аст ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо гоҳ-гоҳе мошинро нигоҳ дошта, вазъи он, бахусус пайванди байни чархҳоро аз назар бояд гузаронд.
Фасилаи байни мошинҳо бояд тибқи қоидаҳои маъмулӣ бошад ва қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя намоед!!!
Дар гузаргоҳи пиёдаравҳо бештар эҳтиёт кунед ва ҳатто дар ҳар ҳолат метавонанд пиёдаровон роҳро убур кунанд ва ин вазифаи ронанда аст, ки мошинашро тавонад назорат кунад.
Ронандагони мӯҳтарам! Ҳар қадар, ки саросема ҳастед, дар ёд дошта бошед: дақиқаҳо наметавонанд саломатии инсонҳоро баргардонанд, бахусус наметавонанд одамонро ба ҳаёт дубора оранд. Пас эҳтиёт кунед ва ҷони худу ҷони дигаронро дар хатар наяндозед. Пеши дигарон эҳсоси масъулият кунед ва бидонед, ки ҳаёт барои ҳама арзишу қиммати воло дорад!
Дар ҳоли пеш омадани ҳолати нохӯш ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо телефони 93 88028 19 муроҷиат намоед!