Анҷоми ҳамоиши дурӯзаи омӯзишӣ-методӣ дар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ
Чоп шуд: 14/11/2018 | adminШиркаткунандагони як мизи мудаввар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хостори табодули таҷриба дар мавриди ташкили гурӯҳҳои ихтиёрии наҷот дар кишвар шуданд. Ин мизи мудаввар, ки зарфи ду рӯз бо ширкати зумрае аз масъулин, мутахассисон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд, ташкили зерсистемаҳои дахлдор оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи ҷамоатҳо ва амали гурӯҳҳои ихтиёрии наҷотро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.