Наваскарони даъвати тирамоҳӣ боз дар ду қисми ҳарбии кумита савганди садоқат ёд карданд
Чоп шуд: 29/11/2018 | admin29 ноябри соли 2018 дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияҳои Рашт ва Рӯдакӣ маросими ботантанаи савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор шуд. Дар маросими Рашт муовини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ва дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷонишини Раиси Кумита М.Салимзода ширкат намуданд.