Наваскарони даъвати тирамоҳӣ боз дар ду қисми ҳарбии кумита савганди садоқат ёд карданд

29 ноябри соли  2018 дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияҳои Рашт ва Рӯдакӣ маросими ботантанаи савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор шуд.  Дар маросими Рашт муовини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ва дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷонишини Раиси Кумита М.Салимзода ширкат намуданд. Дар ин рӯзи барои наваскарон хотирмон ҳамчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, волидон, пайвандон, дӯстон, ҳамчунин хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна иштирок карданд.

Ширкаткунандагони маросим дар суханрониҳои худ иброз доштанд, ки қарзи ҳар шаҳрванд аст, ки ба Ватани маҳбуби худаш хизмат кунанд, худро ба дифоъи тамомияти арзӣ, сохти конститутсионии мамлакат омода созад. Хизмати ҳарбӣ ҷасорату мардонагист барои насли ҷавони мо. Инҳоянд, ки фардои кишвар аз онҳо вобаста аст.

Баъди ин сарбозони ҷавон дар назди ҳозирин бо риояи ҳама низоми ҳарбӣ бо тантана савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки аз замони даъват ба сафи артиши кишвар наваскарони Кумита дар қисмҳои ҳарбӣ дарсҳои омодагиҳои муқаддамотии ҳарбӣ омӯхтанд. Баъди ёд кардани савганди садоқат барояшон лозим меояд, ки ба иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарбии худ пардозанд. 

Наҷотдиҳандагони КҲФ бо истифода аз техникаи нав роҳҳои наҷоти одамон ва амал дар ҳолатҳои фавқулоддаи гуногунро намоиш доданд. 

Наврӯз Давлатов, сарбози қаторӣ гуфт: “Мехоҳам дар хизмат дар сафи артиш худро обутоб диҳам, донишҳои ҳарбӣ омӯзам ва ҳамеша ва тамоми умр ба дифои кишвари азизам худро омода созам. Ман чун як шаҳрванди мамлакат шодам аз он ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шудам. Орзуҳоям амалӣ мешаванд ва ман ҳоло инро бо чашмони худ мебинам”.

Меҳмонон, ширкаткунандагон, волидон, пайвандон, дӯстон ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ бовар доранд, наваскароне, ки имрӯз савганди садоқат ба номи Ватан ёд карданд, беҳтарин мудофиини Ватани маҳбуб хоҳанд буд.

барчасп: