Вазъи ҳавои кишвар дар рӯзи 24 ноябр, ҳолати роҳҳо ва ағбаҳо
Чоп шуд: 24/11/2018 | adminҲавои борониву сарди охири тирамоҳ. Борон дорад, барф дорад, боди сарду сахт дорад. Роҳҳо куллан бозанд, мошинҳо бо низоми қаблӣ дар ағбаҳо равуо доранд, мушкиле нест. Аммо хавфи омадани тарма ҳам дар баъзе манотиқ таҳдид мекунад. Танҳо эҳтиёту зиракӣ метавонад гарави аслии таъмини амнияти шаҳрвандон бошад. Бахусус ронандагоне, ки сафари ағбаву роҳҳои кӯҳӣ доранд, бояд хеле эҳтиёт кунанд.