Вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба як гузориши радиои “Озодӣ”
Чоп шуд: 13/11/2018 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба гузориши радиои “Озодӣ” дар мавриди ҳолати садамавӣ дар кӯчаи Зайнаббибии пойтахт хабар медиҳад, ки ин камбудӣ ҷой дорад. КВД “Обу корез” вазифадор шуд, ки бо иваз кардани қубурҳои фарсуда ҳолати садамавиро аз байн барад ва сокинонро аз ноамнии эҳтимолӣ раҳонад.