Таҳқиқи нури гамма ва тамаркузи симоб дар фазои муассисаҳои миёна ва томактабии шаҳри Душанбе
Чоп шуд: 15/11/2018 | adminМутахассисони озмоишгоҳи кимиёвӣ- радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи нури гаммаи ба ҳаҷми радони фаъол эквивалент ва тамаркузи симоб дар фазои муассисаҳои томактатӣ ва таълимоти умумии шаҳри Душанберо санҷиданд.
Барои таҳқиқ аз ҳар ноҳияи пойтахт як муассисаи таълимоти умумӣ ва як муассисаи томактабӣ интихоб гардид.
Озоиш нишон дод, ки дар муассисаҳои интихобшуда сатҳи нури гаммаи ба ҳаҷми радони фаъол эквивалент ва тамаркузи симоб дар фазо ба меъёр мувофиқат мекунад.