Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба гузориши радиои “Озодӣ” дар мавриди ҳолати садамавӣ дар кӯчаи Зайнаббибии пойтахт хабар медиҳад, ки ин камбудӣ ҷой дорад. КВД “Обу корез” вазифадор шуд, ки бо иваз кардани қубурҳои фарсуда ҳолати садамавиро аз байн барад ва сокинонро аз ноамнии эҳтимолӣ раҳонад.
Бо супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайате аз мутахассисони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гузориши радиои “Озодӣ” дар мавриди шикояти сокинони гузаргоҳи 2 кӯчаи Зайнаббибиро дар мавриди ҳолати садамавии хонаҳои истиқоматӣ санҷиданд.
Ҳамзамон ҷиҳати ҳалли фаврии масъалаи мазкур, ки ба амнияти бехатарии шаҳрвандон иртибот дорад, Сардори хадамоти бартарафсозии садамаи оби нӯшокии УВД “Обу корез”-и шаҳри Душанбе К.Муродов даъват карда шуд.
Муайян гардид, ки ба сабаби пайдоиши сӯрохиҳо дар қубури обгузари хонаи рақами 26 ва қубури асосие, ки аз зери роҳи кӯчаи мазкур мегузарад, дар деворҳои хонаҳои №№ 7, 9, 26 кӯчаи Зайнаббибӣ тарқишҳои гуногунҳаҷм аз 2 то 5-7 см ба вуҷуд омадаанд ва онҳо бараъло дида мешаванд.
Қубури асосии обгузар қутраш 55 мм буда, он тахминан соли 1965 насб карда шудааст. Тибқи гуфтаи Сардори хадамоти бартарафсозии садамаи оби нӯшокии КВД “Обу корез”-и шаҳри Душанбе муҳлати истифода ин қубрҳо 30-40 сол мебошад. Аммо аз насби ин қубурҳо бештар аз 50 сол гузаштааст.
Ҳамзамон бояд ин нуктаро ҳам зикр кард, ки қубурҳои обгузар дар пойтахти кишвар марҳила ба марҳила нав карда мешаванд.
КВД “Обу корез” вазифадор шуд, ки дар кутоҳтарин фурсат мушкилоти мардумро бартараф созад ва ҳолати садамавиро, ки бар асари сӯрох шудани қубурҳои обгузар пайдо шудааст, аз байн барад.
Ба сокинони номбурдаи кӯчаи Зайнаббибӣ тавсия дода шуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш то анҷоми корҳои тармими қубурҳо муваққатан дар хонаҳои хешовандонашон зиндагӣ кунанд.