Вазъи ҳавои кишвар дар рӯзи 24 ноябр, ҳолати роҳҳо ва ағбаҳо

Ҳавои борониву сарди охири тирамоҳ. Борон дорад, барф дорад, боди сарду сахт дорад. Роҳҳо куллан бозанд, мошинҳо бо низоми қаблӣ дар ағбаҳо равуо доранд, мушкиле нест. Аммо хавфи омадани тарма ҳам дар баъзе манотиқ таҳдид мекунад. Танҳо эҳтиёту зиракӣ метавонад гарави аслии таъмини амнияти шаҳрвандон бошад. Бахусус ронандагоне, ки сафари ағбаву роҳҳои кӯҳӣ доранд, бояд хеле эҳтиёт кунанд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 25 ноябри соли 2018 дар қаламрави кишвар ҳаво сарду боронӣ боқӣ мемонад. Дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо барф. Рӯзи 26 – уми ноябр дар баландии болотар аз 2000 метри кӯҳҳо хавфи омадани тарма таҳдид мекунад. Вазиши бод бо суръати  15-20 м/с дар пешбинӣ мешавад.  

Ҳолати роҳҳо ва ағбаҳо 

Роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе - Кӯлоб - Қалъаи Хумб, Душанбе-Хоруғ, Душанбе – Рашт - Лахш-Ҷумҳурии Қирғизистон, ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва  Фахробод пурра фаъоланд, равуои мошинҳо мушкиле надорад. Вале ронандагонро лозим меояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯи сокинони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо аз омодасозии ҳезум, рафтан ба шикоргоҳ барои шикор, чаронидани чорво дар маҳалҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин бо мақсади бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки бештар ба риояи қоидаҳои ҳаракат таваҷҷӯҳ намоянд, суръатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.

барчасп: