Бар асари чанд таркиш дар назди корхонаи Shenghua Chemical Industry дар деҳаи Дасангайчжэени ноҳияи Сяодуни округи шаҳрии Чжансзякоуи Чин бештар аз 22 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин таркишҳо 28 ноябр рух доданд. Бино ба гузориши Синхуа бештар аз бист нафари дигар захмӣ ва ба бемористон интиқол ёфтанд.
«Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот нерӯҳои амнияти ҷамъиятӣ ва хадамоти зиддисӯхтор ҳалокати 22 нафарро ба қайд гирифтанд ва 22 тани дигар бистарӣ шуданд”.-гуфта мешавад дар хабари расмие, ки хабаргузориҳо интишор додаанд. Бино ба маълумоти ҳукуматдорон дар ин ҳолати нохӯш 38 мошини боркаш ва 12 мошини сабукрав оташ гирифтаанд.
«Мо ба ин умедем, ки шаҳрвандон ба тамошои макони сӯхтор намеоянд ва ин ба мо ёрӣ мерасонад, ки сари вақт оқибатҳои сӯхтору ва таркишҳоро бартараф созем, корҳои наҷот ҷараён гиранд”,- омадааст дар идомаи ин гузориш.
Пойгоҳи интернетии Sina навори видеоӣ аз ҷойи ҳодиса интишор додааст ва аз он дида мешавад, ки забонаи оташ бештар аз 10 метр аст. Дар ин навор ҳамчунин мошинҳои сӯхтаву валангор низ дида мешаванд.
Бино ба маълумоти тоза сабаби ин силсилатаркишҳо ва сӯхтори азим дар сари роҳи корхонаи кимиёвӣ инфиҷори моддаҳои кимиёвӣ дар яке аз мошинҳо будааст. Дар ин бора нашрияи «Пэнпай» хабар дод.
Ба навиштиа ин нашрия шабона дар наздикии ин корхона мошинҳо зиёд ҷамъ шуда буданд ва имкони ҳаракат маҳдуд буд. “Дар яке аз ин мошинҳо таркиш ба амал омад ва баъдан оаташ ба мошинҳои дигар расид”,-омадааст дар гузориши «Пэнпай».