Аз нимаи дуюми имрӯз ҳаво дар сар то сари кишвар рӯ ба гармӣ меорад ва ҳарорати он аз 10 дараҷа боло гарм мешавад.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда сардиҳои чанд рӯзи охир нишонаҳо аён аз худ боқӣ гузоштаанд ва як нишони он мавҷудияти яхпораҳо ва шушаҳои овезон дар бому бомгӯшаҳост. Захмҳо бар асари уфтодани шушаҳо ва якпораҳо ҳамеша хатарноканд ва мебояд тадбирҳои бехатариро дар ин маврид риоя кард.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муроҷиат ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад:
- зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистед, дар ин маврид ба рафтори кӯдакон ҷиддан диққат диҳед;
- аз рӯйи имкон талош кунед лабгӯшаи боми хонаҳоро аз яхпораҳо тоза кунед;
- агар зарурати гузаштан аз лабгӯшаи бомҳои шушадор пеш омад, кӯшиш намоед хеле ба зудӣ аз он бигзаред;
- ҳангоми мушоҳида кардани шӯшаҳо ва якпораҳои овезон дар бомгӯшаҳо кӯшиш кунед ташкилоти хизматрасонро огоҳ созед. Кормандони хизмати коммуналӣ маъмуранд, ки ба иттилои шумо вокуниш нишон диҳанд.
- Ҳамчунин дар ёд бояд дошт, ки бештар вақт шӯшаҳо дар обравҳо пайдо мешаванд, ин аст, ки ин мавзеъи хонаҳо хеле хатарноканд. Аз сӯйи дигар гузаргоҳи ин гуна мавзеъҳо хатари бештар доранд, чун маъмулан қабати ғафси ях маҳз зери обрави биноҳо ва шӯшаҳои овезон пайдо мешавад.
- Зарур аст хеле эҳтиёткор буд ва аз зери деворҳои биноҳо бо эҳтиёт гузар кард. Агар ҳангоми ҳаракат дар пиёдарав шумо садои шубҳаовареро шунидед, набояд дар ҷоятон қарор гиред ва сар боло кунеду хоҳед донед, ки чӣ мегузарад. Эҳтимол меравад ин лағзиши барф аст ва ё афтиши яхпораи бузургест. Дар ин ҳолат ё зуд бояд гузашт ва ё зуд худро ба танаи девор ҷафс кард, то осебе ба худатон нарасад.
Агар Шумо шоҳиди ин гуна ҳодисаҳо шудаед ва эҳсоси хатари бештар кардед, пас фавран ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо шумораҳои 223 13 11: 221 91 19 занг занед.