Наҷоти одамон дар мошини «Opel Vectra», ки ба дарё сарнагун рафта буд
Чоп шуд: 26/11/2016 | adminБар асари роҳандозии амалиёти наҷот ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар шуд, ки аз мошини ба дарё рафтаи тамғаи «Opel Vectra» одамонро наҷот диҳанд.
Сокини 27-солаи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва он ҳангоми ҳаракат ба дарё сарозер шуд. Танҳо бар асари амали фаврии наҷоти кормандони бахши ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Ситоди шаҳри Душанбе, ки зуд ба ҷойи ҳодиса расиданд, аз марги ронанда ва мусофирони он пешгирӣ шуд.