Мулоқоти кормандони идораи зиддикоррупсионии кишвар дар воҳидҳои низомии КҲФ
Чоп шуд: 04/11/2016 | adminБо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва мутобиқи нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия, кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ду қисми ҳарбии Кумита вохӯрӣ баргузор намуданд.