Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва мутобиқи нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия, кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ду қисми ҳарбии Кумита вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар ин вохӯриҳо ҷонишини Сардори Раёсати корҳои тарбиявии КҲФ, полковник З.Забиров изҳор дошт, ки ин гуна дидору мулоқотҳо бидуни шак ба таҳкими интизоми ҳарбӣ таъсири мусбат мерасонад ва аз ҷиноятҳои коррупсионӣ пешгирӣ мекунад.
Кормандони идораи зиддикоррупсионии кишвар ба хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарони воҳидҳои низомӣ оид ба Қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” ва “Стратегияи муқобилият бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020” суҳбат карданд ва ҷузъиёти онро фаҳмониданд. Ҳамчунин дар мавриди моддаҳои ҷиноятие, ки вобаста ба ҷиноятҳои коррупсионӣ вуҷуд доранд, суҳбат карданд.
Дар хотима ба саволҳои ширкаткунандагон посух доданд.