Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкат дар маросими ифтитоҳи Конфронси вазоратии осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо “Эъломияи Душанбе”-ро муаррифӣ кард.
Ин конфронс рӯзи 3-уми октябри соли равон бо ширкати Садриаъзами Ҳинд Нарендра Модӣ оғоз ба кор кард ва қарор аст то рӯзи душанбе идома кунад.
Генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни суханронӣ аз номи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ “Эъломияи Душанбе”-ро, ки 12-уми июли соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоти аввалини Платформаи Минтақавӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо қабул шуда буд, муаррифӣ кард.
Дар нимаи дуюми рӯзи аввали кори конфронс Рустам Назарзода дар мавзуъи ҷараёни иҷрои татбиқи тавсияҳои Барномаи қолабии Сендай дар Тоҷикистон, ҳамчунин дурнамои рушди хадамоти наҷот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Бо мақсади тавсеъаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Рустам Назарзода бо хонум Шамшод Ахтар – котиби иҷроияи Комиссияи Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAPE), ҷаноби Роберт Глассер – намояндаи вежаи Дабири кулии СММ оид ба масъалаҳои коҳиши зарар аз офатҳо ва ҷаноби Кирен Радҷиджу – вазири федералии умури дохилии Ҳинд мулоқот кард. Дар ин вохӯриҳо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳинд Мирзошариф Ҷалолов ширкат намуд.
4-уми ноябри соли 2016 дар иҷлоссияи мавзуъӣ оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ Сардори раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, полковник Ҷамшед Камолов дар мавзуъи “Баробарии гендерӣ дар самти идораи хатари офот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ кард.
Маврид ба ёдоварист, ки дар кори ин конфронс вазирон ва сарварон аз 56 кишвари олам, ҳамчунин 20 созмони байналмилалӣ иштирок мекунанд.
Қарор аст дар поёни конфронс Нақшаи татбиқи барномаи қолабии Сендай ва Эъломияи Деҳлии Нав қабул шавад.