Ихроҷи гази карбон аз бухорӣ модар ва фарзанди дар ғафлатмондаро ба ҳалокат расонд.
Дар деҳаи Дӯстии ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ шаби 25-ум ба 26-уми январи соли равон ду узви як оила – модар ва фарзандаш бар асари заҳролудшавӣ аз гази карбон ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои пешакӣ ин ду тан аз ангишт ба гази карбон заҳролуд шудаанд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ дар бораи қоидаҳои пешигрӣ аз ин гуна хатарҳо маълумот медиҳад ва тадбирҳои амалӣ дар ин гуна ҳолатҳоро мефаҳмонад.
Бухории сарпӯшида, ки дар дохилаш мавди сӯхти ҳанӯз носӯхта дорад, манбаъи асосии гази карбон аст ва он метавонад хеле номаълум ва ба оҳистагӣ бошандагони хонаро заҳролуд кунад. Гулхан дар сурати нарасидани ҳаво ба гази карбон табдил мешавад ва он аз тариқи қисматҳои пайвастшудаи бухорӣ ба фазои хона ворид мегардад.
Дар ҳоли кашиши сусти дудбаро ва нарасидани ҳаво ноқисии кимиёвии маводи сӯхт ба вуҷуд меояд ва дар натиҷа гази карбон дар дохил захира мешавад. Барои дуруст сӯхтани маводи сӯхти дохили бухорӣ зарур аст, ки таври кофӣ ҳавои тоза дода шавад, бахусус ҳангоми гарм кардани хона бо воситаи ангишт. Агар дар дохили бухорӣ чанд дона ангишти носӯхта боқӣ монда бошад, хуб аст, ки онро аслан хомӯш кунанд ва ё мунтазир бимонанд, ки он низ пурра бисӯзад. Вақте ангиштҳо хираранг мешаванд ва дар онҳо шуълаи гулхан дида намешавад, метавон баъди даҳ дақиқа сарпӯши бухориро маҳкам кард. Бояд истифода бухории гармкардашуда ду соат пеш аз хоб қатъ карда шавад.
Дар гази карбон вуҷуд надоштани рангу бӯй онро зиёдтар хатарнок мекунад.
Сабабҳои заҳролуд шудан ба гази карбон инҳо мебошанд:
- Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи дурусти бухорӣ барои гарм кардани хонаҳо (сари вақт маҳкам накардани сарпӯши он, нарасидани ҳавои кофӣ, кашиши сусти дудбаро).
- Нодуруст ба роҳ монда шудани кори бухорӣ ва дудбарои он (тарқишҳо дар бухорӣ, баста шудани дудбаро).
Оксиди карбон бо воситаи шуш ворид мешавад ва бо гемоглобин ба хуни ҷабрдида дохил мешавад, ҳамзамон расидани оксиген ба бофтаҳо ва дигар аъзои баданро масдуд месозад. Аз нарасидани оксиген кори системаи асаб ва мағзи сар вайрон мешавад.
Ёрии аввалин ҳангоми заҳролудшавӣ
Бояд донист, ки барои кумаки аввалия ба ҷабрдида аз гази карбон инсон аввал бояд бехатарии худро таъмин кунад. Ёрии аввал ин расонидани оксиген аст, яъне ҳавои тоза ворид кардан ба хона. Ва баъдан:
- Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бояд баровард.
- Роҳҳои хуруҷи гази карбонро бояд баст. Хонаро тафтиш карда, дару тирезаҳоро боз намуда, аз он бояд хориҷ гашт.
- Агар ҷабрдида аз ҳуш нарафта бошад, ӯро бо ҳавои тоза бояд таъмин намуд. Ҳатман бояд мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намуд.
- Агар ҷабрдида аз ҳуш рафта бошад, бояд то омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” фавран ӯро нафаси сунъӣ дод.
Ба духтури ёрии таъҷилӣ дар бораи шубҳа аз заҳролудшавӣ бо гази карбон гуфт. Агар ҷабрдидаи гази карбон ба худ омад, вале муддати дурудароз аз ҳуш рафта буд, пас бояд ӯро ҳатман ба бемористон барои табобат интиқол дод.