Кумитаи ҳҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон то 17-уми январи соли 2017 дар қаламрави манотиқи куҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ҳамчунин ВМКБ сардии ногаҳонии ҳаво пешгӯӣ мешавад. Эҳтимол дорад дар роҳҳои куҳӣ ғарами барф ва яхбандӣ ба вуҷуд ояд.
Дар ин иртибот КҲФ шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки чораҳои амнияти шахсии худро андешанд.
Аз дорандагони мошинҳои шахсӣ даъват мекунад бе зарурат аз онҳо истифода накунанд.
Бачаҳо ва пиронсолон ба назорати махсус ниёз доранд ва онҳо набояд бе саробон гузошта шаванд.
Ҳамчунин зарур аст қоидаҳои бехатарии сӯхтор ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳанда ҷиддан риоя шаванд. Бе зарурат бегоҳиву шабонгаҳон ба кӯча набароянд.
Роҳбарони корхонаҳо ва созмонҳоро зарур аст чораҳои ҳатмии роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш ва ҳолатҳои фавқулоддаро андешанд.