Ҷамъбасти ду озмуни дигар дар ин ҳафта

Ин ҳафта дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони викторинаи радиоӣ ва озмуни беҳтарин расмҳо байни кӯдакон баргузор гардид. Ба 5 нафар голибони радиовикторина ва ба се нафар голибони конкурси беҳтарин сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тибқи барномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ боз соҳиби 16 техникаи нав шуд

18 октябри соли 2023 ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 номгӯ техникаи вазнин, махсус, ҳарҷогард, таҷҳизоти тиббӣ  барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот супурда шуд. Ин кумакҳо дар доираи Лоиҳаи миллии муштараки КҲФ ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ расонида шуданд.

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон ба роҳ баромад

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад

Озмуни наққошиҳои беҳтарини кӯдакону наврасон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Озмуни наққошиҳои беҳтарин

14 октябри соли 2023 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ҳукумати шаҳри Душанбе, Хазинаи Кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), бо дастгирии молиявии Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии ИМА (ЮСАИД)  дар доираи Барномаи «Тақвияти зарфиятҳои

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон

14.10.2023 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Меҳргон, ки аз қадимулайём дар миёни мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо ҳамчун рамзи ҷамъбасти натиҷаҳои заҳмати кишоварзон ва айёми баракату фаровонии дастархони ҳар як хонадони Ватани муқаддасамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Страницы