КҲФ: То 3 март бориши барф қатъ намешавад, хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 1-ум то 3-уми марти соли равон ба сабаби вуруди мавҷи сармо дар аксари навоҳии кишвар ҳаво сард мешавад. Дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ дамои ҳаво 0-5 дараҷа хунук мешавад, дар навоҳии кӯҳӣ бошад ҳаво аз 8 то 13 дараҷа сард мешавад.

Рӯзҳои 1-3 март дар баъзе ноҳияҳои кишвар барфи шадид меборад. Дар баъзе қисматҳои водиҳои мамлакат, ағбаҳои наздикӯҳиву кӯҳӣ рӯзҳои 1- 5 март туман дидро дар роҳҳо мушкил мекунад. Ҳамчунин дар роҳҳо яхбандӣ ҳам дар назар дошта шудааст.

Бар асари боришоти рӯзҳои 1-4 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳистонии вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма ва сангрезӣ вуҷуд дорад. Чунин вазъи номусоиди обу ҳаво дар нақлиёт, кишоварзӣ, алоқа, энергетика ва коммуналӣ мушкил эҷод мекунад.  

Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, иншооти таблиғотии васеъформат ва сустниҳо гардад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан аз наздикии хатҳои барқ, дарахтон, лавҳаҳои таблиғотӣ ва иншооти рӯ ба харобӣ оварда нагузаред.

Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои одии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

КҲФ хотиррасон мекунад: дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё ба қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.

барчасп: