КҲФ: То 3 март бориши барф қатъ намешавад, то 5-уми март хатари лағзиши тармаву сангрезӣ, яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар такроран мерасонад, ки то 3-уми марти соли равон ба сабаби вуруди мавҷи сармо дар аксари навоҳии кишвар ҳаво сард мешавад.

Дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ дамои ҳаво 0-5 дараҷа хунук мешавад, дар навоҳии кӯҳӣ бошад ҳаво аз 8 то 13 дараҷа сард мешавад.

Рӯзҳои 2 ва 3 март дар баъзе ноҳияҳои кишвар барфи шадид меборад. Дар баъзе қисматҳои водиҳои мамлакат, ағбаҳои наздикӯҳиву кӯҳӣ рӯзҳои 2- 5 март тормеғ (туман) дидро дар роҳҳо мушкил мекунад. Ҳамчунин дар роҳҳо яхбандӣ ҳам дар назар дошта шудааст.

Бар асари боришоти рӯзҳои 2-4 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳистонии вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма ва сангрезӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар шоҳроҳи Душанбе – Чанок дар мавзеъҳои Майхура-Уштур (км 59-73) бо сабаби баланд шудани қабати барфи борида то 40-45 см хатари лағзиши тарма зиёд мегардад.

Илова бар ин, КҲФ хотиррасон мекунад, ки бар асари бориши барф ва боришоти пешбинишуда, хатари баланди ҷамъшавии барф ва ба вуҷуд омадни барфтудаҳо, инчунин ҳолатҳои яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад.          

Чунин вазъи номусоиди обу ҳаво ҳаракати мошинҳоро дар роҳҳо ба мушкил рӯбарӯ мекунад, роҳандозии корҳои кишоварзиро номумкин, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқро душвор мекунад.

Сокинон бояд ҳангоми истифодабарии таҷҳизоти гармидиҳӣ аз ҷумла, ангишт, коршоямии оташдонҳо ва бухориҳоро санҷанд. Худ ва пайвандони худро аз заҳролудшавӣ эҳтиёт намоед.                           

Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, яхпораҳо, шӯшаҳо, осеб дидани боми хонаҳо, лавҳаҳои  таблиғотӣ гардад.

Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан аз наздикии хатҳои барқ, дарахтон, лавҳаҳои таблиғотӣ ва иншооти рӯ ба харобӣ оварда нагузаред. Нақлиёти худро дар  зери дарахтон ва назди биноҳо нагузоред.

Кумита шаҳрвандонро такроран даъват мекунад, ки қоидаҳои одии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ин рӯзҳо, сафар намудан тавассути ағбаҳо қатъиян худдорӣ кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок дар ин рӯзҳо катъиян худдорӣ намоянд.

КҲФ хотиррасон мекунад: дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё ба қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.

барчасп: