Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Кӯлоб беш аз 10 нафар ронандагон ва муофирони се мошинро ба ҷойи амн интиқол доданд

Барои таъмини бехатарии ронандагон дар шоҳроҳҳо дар фасли сард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Кумита посгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд. Ин тадбирҳо дар давраҳои хатари ҳодисаҳои фавқулодда дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд омадаанд, заруранд.

Чунончӣ, наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи ноҳияҳои Кӯлоби 1 марти соли 2024 дар натиҷаи гузаронидани навбатдории шабонарӯзӣ дар километри 173-176 шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруг, дар ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлон бо истифода аз техникаи махсус 3 автомашинаро аз аз ҷӯйбор берун бароварда, мусофирон ва ронандадагони онҳоро ба макони амн интиқол доданд ва онҳоро бо ғизои гарм таъмин карданд. 

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар чунин ҳавои сраду пурбориш ба навбатдории шабонарӯзии худ идома медиҳанд. Он талош мекунанд сари вақт ба кумаки мошинҳое расанд, ки дар барф дармондаанд, ҳатман талош мекунанд мошинҳоро берун кашанд. Дар сурати имкон набудан ва баста будани роҳҳо, ронандагон ва ҳамроҳони онҳоро ба маконҳои гарму амн интиқол медиҳанд ва онҳоро бо чой ва ғизои гарм таъмин мекунанд. 

КҲФ хотиррасон мекунад, ки дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, қисмати ғарбии ВМКБ ва дар роҳҳои Душанбе – Варзоб – Айнӣ – Хуҷанд, Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод – Лахш, Душанбе – Сангвор, Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим-Мургоб хатари лағзиши тармаву санг вуҷуд дорад.

Роннадагон бояд эҳтиёт кунанд, вале баҳтарин роҳи таъмини амният худдорӣ аз сафар ба роҳҳои дур аст. 

барчасп: