Мулоқот дар Раёсати КҲФ

1 марти соли 2024 дар Раёсати Кумитаи таъминоти моддию техникӣ, озуқаворӣ ва нақлиёт вохӯрӣ бо намояндаи Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Аминов баргузор шуд.

Дар мулоқот  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” баррасӣ шуд. 

Дар ин мулоқот ҳамчунин ҳайати шахсии Раёсатҳои КҲФ дар масъалаҳои кӯли Сарез ва сохтмон, истифодаи биноҳо ва иншоотҳо иштирок карданд. 

Зимни суханронӣ дар назди кормандони Кумита Аминов Б. Ба иҷрои қатъии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид намуд.

Намояндаи Кумитаи дин ба ҳозирон ҷузъиёти ин Қонуни ҳаётан муҳимро фаҳмонд ва гуфт, ки риояи ин қонун ва талаботҳои блон ба манфиати некуаҳволии халқ аст. 

барчасп: