Омӯзишҳо дар Истаравшан

Аз 24-ум то 26-уми июли соли 2024 оид ба татбиқи Нақшаи асосии чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои соли 2024 омӯзишҳои маҷмӯӣ гузаронида мешавад.

Дар шаҳри Истаравшан дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зерсистемаҳои ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда» дар се давра машқҳои комплексӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Оғози давраи омӯзишӣ дар хадамоти зидди жола

24 июли соли 2024 дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни КҲФ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодасозӣ ва бозомӯзии кормандон Хадамоти зидди жолаи Кумита, дар маркази таълимии шӯъбаи Хадамоти зидди жола, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор курсҳои омӯзишии муштарак оид ба истифодаи радиолокатсионӣ оғоз гардид. Дар дарсҳо 20 нафар, аз ҷумлаи кормандони Агентии обуҳавошиносии кишвар ва кормандони Хадамоти зидди жола иштирок доранд.

Аз рӯйдодҳои 24-уми июли соли 2024

24 июли соли 2024 ҳангоми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ҳудуди ҷамоати деҳои Қаратоғ дар рӯди Қаратоғ ҷасади як духтари даҳсола пайдо ва аз об берун оварда шуд. Ӯ сокини шаҳри Душанбе буда, рӯзи 20-уми июли соли равон дар об ғарқ шуда буд.

Имдодгарон ҷасади духтари ноболиғро 2 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхиси сабабҳои марги духтар супурданд.

30 соли КҲФ. Нақши Пешвои миллат дар пешбурд ва рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода (Идома)

Бояд гуфт, ки афзоиши мунтазами шумораи ҳолатҳои фавқулода дар ҷаҳон зарурати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи муштараки усулҳои наву муосир ва механизмҳои нави ташкил ва гузаронидани тадбирҳои огоҳсозанда ва чорабиниҳои садамавӣ – наҷотдиҳӣ барои ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иншоотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ, техногенӣ ва биологӣ

Стурегга, яъне чӣ?

Стурегга

Калимаи норвежии қадимии Storegga. Се ярчи қадимитарин дар таърихи башарро бо номи Стуррегга ёд мекунанд ва онро бузургтарин фоҷеаи таърихи башар медонанд.

Ин се ҳодиса миёни солҳои 6200 ва 6000 то милоди Масеҳ рух додаанд. Вале то ба имрӯз таърихи дақиқи ин ҳодисаҳо маълум нестанд ва дар доираҳои илмӣ мавриди баҳс

Страницы