Бояд гуфт, ки афзоиши мунтазами шумораи ҳолатҳои фавқулода дар ҷаҳон зарурати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи муштараки усулҳои наву муосир ва механизмҳои нави ташкил ва гузаронидани тадбирҳои огоҳсозанда ва чорабиниҳои садамавӣ – наҷотдиҳӣ барои ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иншоотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ, техногенӣ ва биологӣ - иҷтимоидоштаро тақозо менамояд.
Бо такя ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Кумита ҷиҳати омода намудани мутахассисони касбӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷриба дар соҳаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин аз шарикони рушд дастрас намудани дастгоҳҳои замонавии садамавии наҷот имкон пайдо намуд.
Бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар 5 соли охир Кумита як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ, протоколҳо ва нақшаҳои муштаракро оид ба ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ба имзо расонид. Аз ҷумла:
- соли 2012 Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;
- соли 2013 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;
- соли 2015 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;
- соли 2018 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;
- соли 2018 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти арзишҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур, барои омода намудани ташаббусҳое, ки ба васеъ намудани майдони ҳуқуқӣ ва мустаҳкам кардани робитаҳои байнидавлатии мавҷуда равона шудаанд, бевосита мусоидат намуданд.
Кумита дар доираи амалигардонии «Нақшаи Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» ва «Стратегияи миллии коҳиши хавфи офатҳо барои солҳои 2019-2030» ҳамкориҳоро бобати пешгирӣ ва рафъи ҳодисаҳои табиӣ бо мақсади таъмини амният амалӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд тақвият бахшида истодааст.
Дар ин давра Кумита баҳри пешгирӣ, эътино ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, васеъ гардонидани имкониятҳои техникӣ ва таҳкими иқтидори он, бо давлатҳои манфиатдор як қатор ҳуҷҷатҳои санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии байналмилалиро ба имзо расонид. Аз ҷумла:
-Протокол ба Созишнома миёни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи ҳамкорӣ оид ба расонидани кумак дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода аз 18 июли соли 2014;
-Регламенти ташкили ҳамкорӣ дар самти мубодилаи маълумот байни мақомотҳои ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Нақшаи маҷмӯи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 ҷиҳати татбиқи Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Беларус дар ҳамкорӣ барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода аз 15 майи соли 2018;
-Созишнома миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ «Оид ба сохтмони Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ» аз 21 феврали соли 2017;
-Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ «Оид ба ҳамкорӣ дар самти омодагӣ, рафъ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, инчунин мутобиқкунонӣ ба тағйирёбии иқлим» аз 8 майи соли 2017;
-Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ёрии бебозгашт ва бехатарии башардӯстона барои қишри васеи аҳолӣ» аз 28 августи соли 2017;
-Ёддошти тафоҳуми дуҷониба байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи Ассотсиатсияи Ташкилоти Байналмилалии ОКСФАМ «Оид ба таҳкими иқтидори вокуниш ба офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим дар сатҳи шаҳрҳо ва ҷамоати деҳот дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд» аз 12 октябри соли 2017;
-Нақшаи чорабиниҳои муштарак байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия барои солҳои 2018-2019, аз 18 октябри соли 2017;
-Шартномаи татбиқи лоиҳаи расонидани кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешниҳоди таҷҳизот барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии табодули иқтисодӣ ва техникии назди Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Чин аз 15 марти соли 2019.
КУМАКҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ОФАТЗАДАГОН ЧУН НИШОНИ ОБРӮИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ба андешаи мо расидани кумакҳои фаврӣ ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи кишвар баёнгари обру ва эҳтироми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз соли 2008 то соли 2017 ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҷониби Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон, Кирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо кумакҳои башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудаанд. Чунончӣ, соли 2011 аз ҷониби Федератсияи Русия ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида, хонаҳои насбшаванда дастрас карда шуданд. Бо мақсади мустаҳкам намудани иқтидор ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012-2014 ҷониби Федератсияи Русия дар доираи барномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба маблағи 3,6 миллион доллари ИМА кӯмаки молиявии яквақтаинаи мақсаднок расонида шуд.
Моҳи сентябри соли 2015 ва моҳи январи соли 2016 аз ҳисоби Агентии захираҳои давлатии Федератсияи Русия 70 тонн кумаки башардӯстона фиристода шуд.
25 феврали соли 2018 ба шаҳри Душанбе тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия 60 тонна кӯмакҳои башардӯстона аз қабили истгоҳи барқӣ, хайма, кампал, шакар, инчунин корсерваҳои ширию гӯштӣ фиристода шуданд.
Моҳи августи соли 2015 бар асари ба амал омадани сел дар деҳаи Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба аҳолии зарардида кумаки башардӯстона, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрока аз ҳисоби захираҳои давлатии кишвар ҷудо гардида, тавассути 22 автомашинаи боркаш ба аҳолии зарардидаи ин минтақаҳои Тоҷикистон расонида шуд.
Дар асоси дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба расонидани кумак ба аҳолии зарардидаи вилояти Бадахшон, моҳи ноябри соли 2015 аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон кумаки башардӯсона расонида шуд. Ба сифати кумаки башардӯстона ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон тавассути вагонҳои роҳи оҳан равған, консерваҳои гӯштию ширӣ, шакар, орд, биринҷ, арматура ва тунука фиристод.
Моҳи феврали соли 2016 ба аҳолии вилояти Бадахшон, ки моҳи декабри соли 2015 бар асари заминларзаи шадид зарар дида буданд, 29 давлати ҷаҳон кӯмаки худро расонид. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ маводи хӯрока аз қабили орд, равған ва доруворӣ дастрас гардид.
Аз миқдори умумии кӯмакҳои аз ҷониби давлатҳои донор расонидашуда, ба Ҷумҳурии мардумии Чин-36,9%, Федератсияи Русия-22,7%, Ҳиндустон-9,9%, Покистон-4,6% рост меояд. Ғайр аз ин, барои расонидани кумаки башардӯстона ҳиссаи худро давлатҳои Озарбойҷон, Ҳоланд, Дания, Тайланд, Туркия, ИМА, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ гузоштаанд.
Моҳи феврали соли 2016 дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба аҳолии бар асари заминларза зарардидаи вилояти Бадахшон кумакҳои башардӯстона расонида шуд. Ба сифати кумаки башардӯстона ҷониби Озарбойҷон тавассути 11 адад автомашинаҳои боркаш миқдори муайяни маводҳоро, аз қабили шакар, биринҷ, орд, чой, равған, макарон, рахти хоб, генератор, хайма, тахта ва тунука ба Тоҷикистон дастрас намуданд.
Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли 2017 барои зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати ин кишвар 40 тонн дар шакли маҳсулоти хӯрока, доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, ангишт ва либоси гарм ҳамчун ёрии башардӯстона расонида шуд.
(идома дорад)