Аз рӯйдодҳои 24-уми июли соли 2024

24 июли соли 2024 ҳангоми роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ҳудуди ҷамоати деҳои Қаратоғ дар рӯди Қаратоғ ҷасади як духтари даҳсола пайдо ва аз об берун оварда шуд. Ӯ сокини шаҳри Душанбе буда, рӯзи 20-уми июли соли равон дар об ғарқ шуда буд.

Имдодгарон ҷасади духтари ноболиғро 2 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхиси сабабҳои марги духтар супурданд.

Ҳамон рӯз соати 10:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 12-солаи деҳаи ба номи А.Дӯстови ҷамоати Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ҳангоми оббозӣ дар канал ғарқ шуд.

Наҷотдиҳандагон бо дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса рафтанд, вале корҳои ҷустуҷӯву наҷот то фаро расидани торикӣ натиҷа надод. Субҳи имрӯз ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ аз сар гирифта шуд.

24 июли соли 2024 соати 17:30 дақиқа боронҳои кутоҳмуддат сабаби омадани селҳо дар километрҳои 104 ва 106 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд шуд. Бар асари ин роҳ муддате барои ҳаракати моинҳо номумкин гашт. Ба ҷойи ҳодиса техникаи хадамоти роҳи ширкати IRS фиристода шуд ва соати 22:50 дақиқа роҳ пурра аз селовардаҳо пок ва ҳаракати мошинҳо имконпазир гардид.

24 июли соли 2024 соати 19:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ боронҳои кутоҳмуддат боис гардид, ки дар ҳудуди чанд деҳаи ҷамоати деҳоти ба номи Инван-Тоҷики ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ сел ояд. Ин сел 4 гектар замини кишоваразӣ, роҳи байни деҳаҳо, ҷӯйҳо, 11 хоҷагии ёрирасон ва 8 таҳхонаро зери об кард. 

Сел талафоти ҷонӣ ва харобии дигар надошт.

барчасп: