Аз 24-ум то 26-уми июли соли 2024 оид ба татбиқи Нақшаи асосии чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои соли 2024 омӯзишҳои маҷмӯӣ гузаронида мешавад.
Дар шаҳри Истаравшан дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зерсистемаҳои ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда» дар се давра машқҳои комплексӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар рафти чорабиниҳо ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, омодагии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия, қувваҳои наҷотдиҳии ғайриҳарбӣ ба эвакуатсия ва наҷоти одамон дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда санҷида мешавад.
Дар рафти машқҳо масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи граждании шаҳр, ҳайати фармондеҳии назоратӣ ва ҳайати шахсии хадамоти наҷоти шаҳр баррасӣ мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории ин машқҳо такмил ва санҷиши омодагии нерӯҳо ва воситаҳое мебошад, ки амнияти аҳолиро дар ҳолатҳои фавқулодда таъмин мекунанд.