24 июли соли 2024 дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни КҲФ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодасозӣ ва бозомӯзии кормандон Хадамоти зидди жолаи Кумита, дар маркази таълимии шӯъбаи Хадамоти зидди жола, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор курсҳои омӯзишии муштарак оид ба истифодаи радиолокатсионӣ оғоз гардид. Дар дарсҳо 20 нафар, аз ҷумлаи кормандони Агентии обуҳавошиносии кишвар ва кормандони Хадамоти зидди жола иштирок доранд.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси Кумита генерал-майор И.Иброҳимзода ва сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Ҷ. Камолзода иштирок карданд.
Муовини раиси Кумита генерал-майор И.Иброҳимзода таъкид кард, ки ин курс малакаҳои ибтидоии онҳоро такмил дода, дар навбати худ ба наҷоти ҷони мардум таъсир мерасонад. Вай инчунин диққати иштирокчиёнро ба он равона кард, ки ба машқҳои амалӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.
Дар рӯзи аввал иштирокчиён бо имкониятҳои техникии Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумита шинос карда шуданд.
Ин курси омӯзишӣ ба ҷорӣ ва такмили корҳо дар таҳияи платформаи байниидоравии табодули маълумот байни Агентии обуҳавошиносӣ, бо мақсади пешгӯӣ ва идораи офатҳои табиӣ бо истифода аз радарҳои обу ҳавои КҲФ дар шаҳри Ҳисор нигаронида шудааст. Ин шакли дарсҳо ба ширкаткунандагони ҷавони он имкон медиҳад, ки таҷрибаи бебаҳои пешгузаштаи худро беҳтар аз худ кунанд ва малака ва дониши худро васеъ намоянд.