Парчами мо – фарҳанги бостонии мо.

«Бигзор, парчами пурҷилло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидон бошад». 

Эмомалӣ Раҳмон

 Нахустин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошта, ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣқабул гардидааст. Дирафш аз давраҳои қадим нишонаву рамзи муқаддаси миллату давлат буда, ба хотири ҳифзи он фарзандони миллат ҷонсупориҳо намудаанд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд

16 ноябри соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти КҲФ ва ҳайати шахсӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Зимни суханронии худ раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода хидмат ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ созандаву калидӣ хонд.  

Наваскарони даъвати тирамоҳии Кумита савганди ҳарбӣ ёд карданд

15 ноябри соли 2024 дар Боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ аввалин наваскарони даъвати тирамоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд карданд. Ин аввалинҳо 104 нафар наваскарон аз се қисми низомии Кумита буданд, ки дар ҳузури наздикон, фармондеҳону ҳамкорон ва собиқадорон ба номи Ватани маҳбуб савганди садоқат ёд карданд.

Вохурӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 ноябри соли 2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсат оид ба самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва Нақшаҳои дохилии Раёсати моддию техникии Кумита барои соли 2024, дар маҷлисгоҳи Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти Кумита вохӯрӣ бо иштироки намояндаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини ташкил ва баргузор карда шуд.

КҲФ: Хатари лағзиши тарма ва омадани сел вуҷуд дорад. Эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносӣ рӯзҳои 16-17 ноябри соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатхи бахр) хатари лағзиши тарма бар асари боронҳои пуршиддат вуҷуд дорад. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Страницы