Бо иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати барқарорсозии хисороти расида аз офатҳои табиӣ дар минтақаи Рашт, фаъолияти комиссияи вижа идома дорад.
Таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ҳайати шахсии Кумита корҳои зиёдеро баҳри бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ анҷом додаанд.
ноҳияи Тоҷикобод
Дар ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ, дар баробари дигар сохтору муассисаҳои давлатӣ ва аҳолӣ, инчунин афсарону сарбозони қисми ҳарбии 45075-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматии пурра ва қисман зарардида сафарбар гардиданд.
Корҳои сохтмонӣ дар хонаҳои пурра зарардида:
-
Дар 32 хона — бардоштани девор (100%);
-
Дар 25 хона — сохтани бом ва болопӯш (аз 10% то 100%);
-
Дар 10 хона — андова (штукатурка) (аз 30% то 100%);
-
Дар 6 хона — насби дару тиреза (аз 50% то 90%);
-
Дар 2 хона — гирифтани фаршу шифт (аз 60% то 65%);
-
Дар 1 хона — корҳои рангу бор (55%).
Корҳои сохтмонӣ дар хонаҳои қисман зарардида:
-
Дар 164 хона — корҳои ҳамворкунии замин (100%);
-
Дар 164 хона — насби опалубка барои рехтани семент (аз 70% то 100%);
-
Дар 162 хона — бардоштани девор (аз 5% то 100%);
-
Дар 4 хона — пӯшидани бом ва болопӯш (аз 10% то 20%).
Қобили зикр аст, ки тамоми корҳои ободонӣ дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, рафти корҳои барқарорсозӣ таҳти назорати доимии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қарор дорад.
Корҳои бартарафсозӣ дар минтақаҳои зикршуда идома дошта, маълумоти иловагӣ дар бораи пешрафти онҳо пешниҳод хоҳад шуд