декабря 2024

Эҳтиёт аз сардиҳо. Чӣ бояд кард?

Зимистон фаро мерасад, сардиҳои зимистона низ. Мо алакай шоҳиди бориши чанд барфи шадид шудем ва чанд рӯзи оянда низ ҳавошиносон барфҳои пуршиддатро дар қаламрави кишвар пешгӯӣ мекунанд.

Барфу борон, яхбандӣ, туман ва ғайра чун падидаҳои ҳавошиносӣ ташвишҳои худро доранд, ки сокинон аз қабл бояд омода бошанд.

Дар гузашта мо тавсияҳои зиёдеро аз тариқи сомонаи худ ироа карда будем. Ва ҳоло як силсила тавсияҳои дигарро ҷиҳати эҳтиёт ва риояи қоидаҳои бехатарӣ пешниҳод мекунем. 

АГАР ШУМО ДАР КӮЧАЕД:

КҲФ аз боридани барф дар рӯзҳои 15-16 – уми декабр ҳушдор медиҳад. ЭҲТИЁТ КУНЕД !

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 15-16 декабри соли 2024 дар қаламрави кишвар бориши борону барф дар назар аст. Дар баъзе навоҳии кӯҳии кишвар шамоли шадид бо суръати 7-22 м/с мевазад, дар баъзе минтақаҳо туман низ ба мушкилоти сардӣ мушкилиҳои нав эҷод мекунад.

Мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

12 декабри соли 2024 бо мақсади баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ вохӯрии Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарии ҷаноби Аҳсан Таҳсин, мутахассиси аршади Офатҳои табиии Бонки Ҷаҳонӣ баргузор шуд.

 Сарвари КҲФ ба ҳайат барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда, ба мавҷудияти имкониятҳои васеъ барои рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи мудирияти ҳолатҳои фавқулода таъкид кард.

Суҳбати муфид бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия

Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 9 декабр - Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия, 12-уми декабри соли 2024, бо ҳайати шахсӣ дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Заминларза дар қаламрави кишвар. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 10-уми декабри соли 2024, соати  15:04 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 268 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 73 километрии ғарб аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар қаламрави Афғонистон буд.

Бино ба гуфтаи манбаъ қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар ҳудуди шаҳри Хоруғи ВМКБ 2 баллро ташкил дод.

Ин заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

 

Мулоқот бо ҳайати БОР

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода 9 декабри соли 2024 ҳайати Бонки Осиёии Рушд (БОР)-ро таҳти роҳбарии ҷаноби Томас В. Кесслер – Мудири молии гурӯҳи  бахши молии бонк ба ҳузур пазируфт.  

Мақсади асосии вохӯрӣ баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КҲФ ва БОР дар татбиқи лоиҳаҳои оянда дар соҳаи мудирияти хатари офатҳои табиӣ дар кишвари мо буд.

Тавсияҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои яхпӯш

Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ дар фасли сард гарави аслии саломатӣ ба ҳисоб меравад. Аввалин барф ва нахустин рӯзҳои сардӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуд.

Маъмулан ҳавои сарду бориши барфу борон паёмадҳои ногувори зиёд доранд, ки яке аз он яхбандист. Лозим меояд беш аз дигар рӯзҳо дар рӯзҳои сард, ки замин ях баставу равуоро ба мушкил рӯбарӯ мекунад, эҳтиёткор буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Аз барфу борони рӯзҳои оянда эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 7-8 декабри соли 2024 дамои ҳаво дар саросари ҷумҳурӣ поин рафта, боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Манбаъ аз боридани барфи зиёд дар навоҳии кӯҳӣ, тумон ва яхбандӣ низ хабар медиҳад.

Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар Кушониён

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2024», рўзҳои аз 02 то 04 декабри соли 2024 дар ноҳияи Кӯшониён машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо иштироки хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, ташкилоту муассисаҳо, иншоотҳои иқтисодӣ, ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии ноҳия дар мавзўи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Кӯшониён ҳангоми

Мизи гирд дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ

29 ноябри соли 2024 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Дурнамо ва рушди расонидани кӯмаки равонӣ ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар чаҳорчӯбаи фаъолиятҳои КҲФ ва МГ-и назди ҲҶТ”  мизи гирд баргузор гардид.

Садамаи мудҳиши мошин дар Шуғнон. Мошин ба дарё сарозер шуда ва ронанда бедарак

Имдодагарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ оқибатҳои садамаи нақлиётиро дар шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим бартараф намуданд.

30 ноябри соли 2024, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории КҲФ дар ВМКБ аз садамаи мудҳиш дар дар километри 20-уми шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим, ки аз қаламрави деҳаи Даштаки ҷамоати деҳоти Нишуспи ноҳияи Шуғнон мегузарад, хабар доданд.