Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 15-16 декабри соли 2024 дар қаламрави кишвар бориши борону барф дар назар аст. Дар баъзе навоҳии кӯҳии кишвар шамоли шадид бо суръати 7-22 м/с мевазад, дар баъзе минтақаҳо туман низ ба мушкилоти сардӣ мушкилиҳои нав эҷод мекунад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии ВМКБ, қисмати ғарбии ВМКБ ва дар роҳҳои Душанбе – Варзоб – Айнӣ – Хуҷанд, Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод – Лахш, Душанбе – Сангвор, Ш. Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим –Мурғоб яхбандӣ ва резиши сангу рег низ эҳтимол дорад.
Резиши барф ва сардии ҳаво метавонад мушкилоти зиёд орад, аз ҷумла бар асари боди шадид ва барф осеб дидани хатҳои интиқоли қувваи барқ, ҷо-ҷо шикастани шохаҳои бузурги дарахтон, осеб дидани сутунҳои сустниҳоди реклом дар кӯчаву хиёбонҳо гардад.
Дар робита ба ин, КҲФ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро аз қабл ба сафар омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум худдорӣ кунанд ва то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд. Дар ин рӯзҳо чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо, рафтан ба шикору моҳидорӣ ва ғайра низ маслиҳат нест.
Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя кунанд. Инчунин, хангоми истифода бурдани асбобхои гармкунии барқӣ коидахои бехатарии сухторро катъиян риоя намоянд, аз таҷҳизоти дастсохти барқӣ истифода накунанд.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири таъмини амният ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои пурбарф суръати ҳаракатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.