29 ноябри соли 2024 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Дурнамо ва рушди расонидани кӯмаки равонӣ ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар чаҳорчӯбаи фаъолиятҳои КҲФ ва МГ-и назди ҲҶТ” мизи гирд баргузор гардид.
Ин ҳамоиши омӯзишӣ бо дастгирии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе дир шуд ва дар он омӯзгорони равоншиносон аз донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ, Раёсати тибби Кумита ва дигар кормандони вобастаи соҳаи мазкури Кумита ширкат карданд.
Дар мизи гирд як қатор масъалаҳо оид ба соҳаи рушди психологӣ дар ҳолатҳои фавқулода, баррасӣ карда шуд. Аз ҷониби иштирокчиён дар мавзуъҳои гуногуни равоншиносӣ ҳангоми офатҳои табиӣ ва техногенӣ суҳбатҳои сурат гирифт.
Инчунин, полковник Шарифзода С. – сардори Раёсати тиббии Кумита дар бораи соҳаи равоншиносӣ ҳангоми офатҳои табии дар давлатҳои пешрафта, лоиҳаи консепсияи рушди расонидани кӯмакҳои равонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ ва техногенӣ ва мувофиқа намудан бо иттиҳодия (асотсиатсия)-и равоншиносон суханронӣ кард.
И.В.Сардори Маркази ҷумҳуриявии
таълимӣ-методии Кумита
полковник Т. Маҳмадзода