Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 9 декабр - Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия, 12-уми декабри соли 2024, бо ҳайати шахсӣ дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ин вохӯрӣ сарнозирони Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Розиқзода А.А. ва капитани адлия Файзуллозода Б. иштирок намуданд.
Дар мулоқот меҳмонон оид ба масъалаҳои таърихи пайдоиши Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия ва қонунгузориҳои ҶТ дар самти мубориза ва муқовимат бо коррупсия маълумот доданд.
Онҳо гуфтанд, ки вобаста ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва дар асоси дастуру супоришҳои ҳамарўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ташкилоту сохторҳои қудратӣ баҳри тарғибу ташвиқи Қонуни мазкур гузаронидани чорабиниҳо давра ба давра роҳандозӣ шудааст.
Тазаккур бояд дод, ки дар байни ҳайати шахсии КҲФ ва воҳидҳои сохтории он ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 22 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” корҳои зиёди таблиғотӣ гузаронида шудааст.
Намоядагони идораи зиддикоррупсионии кишвар зимни суҳбат дар бораи риояи талаботҳои моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, содир намудани ҷиноятҳо аз беэҳтиётӣ, доштани доғи судӣ, барои мансабдороне, ки шаҳрвандии хориҷӣ соҳиб мебошанд ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додаанд, сухан ронданд.
Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон ва меҳмон дар доираи мавзӯи баррасишуда табодули афкор сурат гирифт.