Эҳтиёт аз сардиҳо. Чӣ бояд кард?

Зимистон фаро мерасад, сардиҳои зимистона низ. Мо алакай шоҳиди бориши чанд барфи шадид шудем ва чанд рӯзи оянда низ ҳавошиносон барфҳои пуршиддатро дар қаламрави кишвар пешгӯӣ мекунанд.

Барфу борон, яхбандӣ, туман ва ғайра чун падидаҳои ҳавошиносӣ ташвишҳои худро доранд, ки сокинон аз қабл бояд омода бошанд.

Дар гузашта мо тавсияҳои зиёдеро аз тариқи сомонаи худ ироа карда будем. Ва ҳоло як силсила тавсияҳои дигарро ҷиҳати эҳтиёт ва риояи қоидаҳои бехатарӣ пешниҳод мекунем. 

АГАР ШУМО ДАР КӮЧАЕД:

Бе кулоҳ, рӯймол ва дастпӯшак набояд дар сардиҳо берун равед. Муҳим аст, ки пойҳои худро гарм нигоҳ доред - ҷӯробҳои гарм ва ҷӯробҳои пашмин кӯмак мекунанд. Аз ороишоти филизӣ худдорӣ кунед.

Дар як чо дуру дароз бе харакат мондан раванди хунук хӯрданро метезонад. Вақте шумо ҳис мекунед, ки хунук мехӯред, ҳаракат кунед дастҳоятонро ба ҳам молед, пойҳоятонро ба ҳаракат дароваред, пойкӯбӣ кунед, ангуштони пойҳоро  ҷунбонед, аз ҷой ҷаҳед, бо дастҳоятон ҳаракатҳои даврӣ кунед. Агар ҳамаи ин ба шумо барои гарм шудан ёрй нарасонад, кӯшиш кунед, ки харчи зудтар ба манзилатон худро расонед ва ё агар хонаи шумо дуртар аст, маконҳои дигарро барои гарм шудан истифода кунед. Маъмулан ин гуна ҷойҳо мағозаҳо, даромадгоҳи хонаҳои истиқоматӣ ва ғайра мебошанд. Ва танҳо пас аз он ки шумо эҳсос кунед, ки баданатон гарм шуд, метавонед дубора аз он макон берун шавед ва ба роҳатон идома диҳед. 

Эҳтимоли сармохӯрӣ барои онҳое, ки аз ҳад зиёд кор мекунанд, неруяшон заъиф аст, шароб менӯшанду мастӣ мекунанд, зиёд аст. Маслиҳати мо ин аст, ки шароб нанӯшед: вақте одам нӯшокии спиртӣ истеъмол мекнад, сардиро ҳисс намекунад, аммо бадани ӯ бештар толиби гармист. Тамоку низ накашед, махсусан дар сардиҳо аз ин кор худдорӣ намоед. Сигоркашӣ гардиши хунро суст карда, дасту пойҳоро осебпазиртар мекунад.

Дар мавсими сард ғизои серкалорӣ бояд хӯрд, бахусус пеш аз он ки дар сардӣ берун равед, бояд аввал ғизои хуб бихӯред. Зеро бадани инсон барои муқовимат бо сардӣ ба энергия ниёз дорад.

 АГАР ШУМО ДАР РОҲЕД:

То имкон доред, аз рафтан ба беруни шаҳр худдорӣ кунед.

-КҲФ бори дигар хотиррасон мекунад, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;

 -ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;

 Агар мошини шумо дар хароб шуд, бо садоҳои фосилавӣ сигнал занед, капотро баланд кунед ё ба антенна матои равшанро овезон кунед ва кумаки дигаронро интизор шавед. Агар мошине наздик омад, нигоҳ доред ва хоҳиш кунед, ки шуморо то наздиктарин маҳалли аҳолинишин барад. Вале агар мошине ҳам намомад ва худ медонед, ки аз маҳалҳои аҳолинишин дур нестед, пиёда равед ва худро ба макони амн расонед ва кумакро аз он ҷо дарёфт кунед. 

Бехатарии сӯхтор:

Хонаҳои худро гарм нигоҳ доред, ҳарорат ба ҳадде бошад, ки барои аҳли хонавода чун паногоҳ аз сардӣ хидмат карда тавонад. Аз истифодаи дастгоҳҳои худсохти барқӣ барои гарм кардани хонаҳо худдорӣ намоед, то сабаби ҳар гуна ноҷӯриҳо ва бахусус сӯхтор нашаванд.

Дар сурати сар задани сӯхтор фавран ба хадамоти оташнишонӣ ва наҷот бо рақами 101 ё рақами ягонаи наҷотдиҳии КҲФ 112 занг занед.  

Телефони ягонаи наҷот «112», замимаи мобилии КҲФ «SOS»-ро ба телефони худ сабт кунед ва дар ҳоли пеш омадани ҳодисаи фавқулода ба осонӣ имдодгаронро даъват намоед!

 

 

барчасп: