Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Аз барфу борони рӯзҳои оянда эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 7-8 декабри соли 2024 дамои ҳаво дар саросари ҷумҳурӣ поин рафта, боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Манбаъ аз боридани барфи зиёд дар навоҳии кӯҳӣ, тумон ва яхбандӣ низ хабар медиҳад.

Дар робита ба тағйирёбии шароити обуҳаво Кумита ба шаҳрвандони кишвар хотиррасон мекунад, ки дар ин рӯзҳо дар роҳҳои кӯҳӣ ҳаракати худро маҳдуд кунанд, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар ноҳияҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Ҳангоми истифода аз таҷҳизоти барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя кунанд.

Чанд тавсияи дигар:

  • Новобаста ба системаи гармидиҳӣ агар шумо соҳиби хонаҳои шахсӣ ва ҳавлӣ бошед, бояд захираи сӯзишворӣ дар ихтиёр дошта бошед. Вақте, ки шумо дар бораи эҳтимолияти сардӣ огоҳӣ мегиред, системаи обтаъминкунӣ ва гармидиҳии худро аз назар гузаронед.
  • Бовар дошта бошед, ки хонаҳои шумо омода ба фасли сарданд, то тавонанд қудрати ҳифозати аҳли хонаводаро аз сармо дошта бошанд. Барои ин аз қабл худро ба ин гуна сардиҳои эҳтимолӣ омода созед. Ҳаргиз аз дастгоҳҳои дастсохти барқӣ истифода накунед, чун ин гуна таҷҳизот ғайристандартианд ва ҳар лаҳза метавонанд сабабгори сӯхтор шаванд.
  • Дар вакти шамоли сахт дар зери дарахтони бузургҷусса, сутунҳои сустбунёди реклом ва сичӯбҳои интииқоли барқ қарор нагиред.
  • Барои ҳама аҳли оила ғизои кофӣ ва об захира дошта бошед.

БА РОНАНДАГОН:

Мошини худро бо ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз кунед, агар шумо дар ин рӯзҳо мехоҳед аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ сафар дошта бошед, ҳатман бо худ бел, табар, ҳезум, занҷирҳо барои чархҳо, фонусҳо, бистари хоб, маводи ғизоӣ, доруҳои зарурӣ дар доруқуттӣ бигиред. Чархҳои тобистонаи мошинҳои худро бо зимистона иваз кунед.

Агар дар роҳ мошини шумо хароб шуд ва аз кор монд ва ё дар барф дармонд:

  • то расидани кумак дар дохили мошин бимонед, ҳавои салони мошинро тоза кунед. Бовар ҳосил кунед, ки оё дар гирду атрофатон касе ниёз ба кумаку ёрӣ дорад? Агар чунин касон бошанд, ба онҳо ёрии фаврӣ расонед.
  • Дар робита ба коҳиши пешбинишудаи ҳарорат ва боришот, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои мавсимии роҳҳои нафас КҲФ аз аҳолӣ даъват ба амал меорад, ки мувофиқи мавсим либос пӯшида, қоидаҳои санитариро риоя кунанд. Бачахоро таҳти назорати махсус гирифта, онҳоро беназорат нагузоранд.
  • Селроҳаҳо, ҷӯйборҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна бодовардаҳо тоза кунед.
  • Воситаҳои нақлиётро дар зери дарахтон, хати интиқоли неруи барқ нагузоред, шамоли сахт метавонд дарахтонро боро мошини шумо чаппа кунад.
  • Кумита бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ, аз қабили Майхӯра, ноҳияи Варзоб ва километри 72-юми шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ, инчунин шоҳроҳи Душанбе-Ванҷ посгоҳҳои сайёри шабонарӯзӣ таъсис додааст.  

Дар ҳоли пеш омадани ягон ҳодисаи фавқулода ба ин телефонҳо дар тамос шавед:

Навбатдори масъул дар Кумита: 112, 221-91-19, 223-13-11, 93 880 28 19.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе: 225-44-62, 225-44-76

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

- (83139) 2-60-74;

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

- (83222) 2-35-05, 2-78-28;

Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб:

- (83322)   21656, 21657

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

- (83522) 2-40-57, 22744; 

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

- (83422)  51555, 57995

барчасп: