Садамаи мудҳиши мошин дар Шуғнон. Мошин ба дарё сарозер шуда ва ронанда бедарак

Имдодагарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ оқибатҳои садамаи нақлиётиро дар шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим бартараф намуданд.

30 ноябри соли 2024, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории КҲФ дар ВМКБ аз садамаи мудҳиш дар дар километри 20-уми шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим, ки аз қаламрави деҳаи Даштаки ҷамоати деҳоти Нишуспи ноҳияи Шуғнон мегузарад, хабар доданд. 

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар ВМКБ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, маълум карданд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Танген» таҳти идораи марди 54-солаи сокини деҳаи Пиши ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Пиш ба сӯи деҳаи Даштак идораи нақлиётро аз даст дода, ба дараи умқаш 30-метра сарозер ва ба дарёи Панҷ ғарқ шудааст.

Ҳангоми садама дар мошин танҳо ронанда буд.

 Барои бо камтарин осеб баровардани мошин кормандони КҲФ аввал мошинро бо симҳо баста, сипас бо таҷҳизоти дигар (лебедка)  мошинро аз канал берун кашиданд.

Мутаассифона, дар садама ронанда аз дохили мошин берун, ба дарё фурӯ рафтаву аз худ нишон боқӣ нагузоштааст. Дар айни замон ҷустуҷӯи ҷасади ронанда идома дорад.

Сабабҳои ин ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.

КҲФ хотиррасон мекунад: ронандагони азиз, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои пурхатари кӯҳӣ ҳарчи бештар ҳушёр бошед!

Суръати ҳаракатро боло набаред, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоед.

барчасп: